Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар толори маҷлисгоҳи Литсейи касбӣ-техникии №31, Маркази таълими калонсолони Точикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва одамрабоӣ доир гардид. Дар чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Сатторова М., оид ба муҳтавои паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ироа гардида, баромад намуд.
Ҳамзамон дар бораи пешгирӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм, муҳоҷирати бехатар мубориза бо бемориҳои сироятӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, тарғиби ҳунарҳои миллӣ, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии занон суханронӣ намуд.
Баъди шунидани маърӯзаҳо суҳбати озод ва саволу ҷавоб байни маърӯзачиён ва иштирокчиёни чорабинӣ доир шуд.
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд чорабиниро ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки бо назардошти кори дастҷамъона бурдани мубориза бар зидди хавфу хатарҳои ҷаҳонӣ ва вабои аср, корҳои иттилоотиро, пеш аз ҳама, бояд дар маҳаллаҳо ҷонок кард.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд минбаъд низ фаъолияти худро дар ин самт хубтару беҳтар менамояд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд