Дар доираи нақшаи чорабиниҳои МИҲД шаҳри Ваҳдат оид ба гузаронидани вохӯриву мулоқотҳо бо сокинон, фаъолон, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо мулоқот барпо гашт, ки дар он муовини Раиси шаҳр Абдураҳимзода Ш., намояндаи КИ ҲХДТ Табарова Ф., мудирони бахши Хадамоти муҳоҷират Асозода С., бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Иброҳимова Ш,, иштирок ва суханронӣ намуданд. Вохӯрии мазкур дар толори МТМУ №71 сурат гирифт.
Ҳангоми мулоқот аъзои гурӯҳи корӣ дар мавзӯъҳои ифтихори ватандорӣ, моҳияти истиқлолу озодӣ, Истиқлоли давлатӣ, ҷойгоҳи бузурги Истиқлоли давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик, зарурати ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва марзу буми кишвар, аҳамияти дастовардҳои беназири мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ, ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ ва дигар масъалаҳои марбут ба истиқлолу озодӣ баёни андеша карданд.
Гузашта аз ин, дар мулоқот ба масъалаҳои баланд бардоштани тафаккури сиёсии шаҳрвандон, баланд бардоштани эҳсоси масъулияти давлатсозии шаҳрвандон, таҳлили нуктаҳои асосии Паём, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ягонагии миллат, афзалиятҳои кор дар замин ва таъмини амнияти озуқаворӣ, муҳоҷирати бехатар, тағйиру иловаҳо дар қонунгузории кишвари Россия, фаҳмонидани маънии аслии дин, пешгирӣ аз таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби мардум ба корҳои хайру савоб, ҳадафҳои неку созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи ҳатмии Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар боари масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва дигар масъалаҳои ҷорӣ эътибори хоса зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон доир ба вазъи ҷаҳони муосир, огоҳ будан аз равандҳои гуногун, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгаро, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, никоҳи бармаҳал, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалӣ зист, самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, тарзи дурусти истифодаи телефони мобилӣ, одоби муошират, корбарии дуруст дар сомонаҳои иҷтимоӣ, ҷалби насли наврас ба забономӯзӣ, муносибати хуб бо табиат, ҳимоя манфиатҳои миллӣ, ифтихор аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, ҳурмати падару модар ва калонсолон, суханронӣ карданд.
Дар охир ба саволу дархостҳои сокинон посухҳои қонеъкунанда манзур карда шуданд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат