Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинон, бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён мулоқоти навбатӣ бо сокинон, фаъолон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Алимардонов Фаридун ширкат варзида, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз – аз ҷумла, муҳоҷирати бехатар, пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва муқовимат ба коррупсия – суханронӣ намуд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, нақши оила, мактаб ва муҳити иҷтимоӣ хеле муҳиму зарур арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон, номбурда ба иттилои сокинони ноҳия расонид, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.
Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки вазъи ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Дар ин росто, адо намудани қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандӣ – хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддасу пуршарафи ҳар як ҷавонмарди бонангу ори Ватан маҳсуб меёбад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳамасола ҷавонони содиқу созандаи кишвар бо амри дилу виҷдон ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд.
Инчунин, дар бораи тағйироту иловаҳои охирон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи мақсадноки қувваи барқ маълумоти муфассал дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон