Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Қубодиён гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаи Ниҳолпарвари ҷамоати деҳоти Вобканд мулоқот доир намуд.
Дар вохӯрӣ баромадкунандагон талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро шарҳ доданд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои муҳим, аз қабили ҷалби ҷавонони бекор ва занони хонашин ба шуғл ва касбу кор, муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ, диққат дода шуд.
Масъулин таъкид карданд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуури сиёсӣ, беҳтар намудани сифати таълим ва тарбия дар мактабҳо, ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ барои пешрафти ҷомеа хеле муҳим аст.
Дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла афзоиши мусаллаҳшавӣ, таҳдидҳои терроризм ва экстремизм, тағйирёбии иқлим ва хатарҳои глобалӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба самъи сокинон расонид, ки шаҳрвандонро зарурати риояи қонунҳои кишвари иқомат ва сари вақт расмӣ намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ пеш аз омодагӣ. Қайд намуд, ки сабаби асосии муҳоҷират беҳтар кардани вазъи моддӣ мебошад ва маҳз аз ҳамин сабаб шаҳрвандон бояд диққати худро ба фаъолияти меҳнатӣ ва риояи қонунҳо равона созанд. Илова бар ин, ба иштирокчиён зарурати пешгирии бемориҳо ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ хотиррасон карда шуд, зеро бемориҳои вирусӣ на танҳо ба худи муҳоҷирон, балки ба дигарон низ зарар расонида, ба саломатии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Дар охир ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон