Қаблан иттилоъ дода будем санаи 9-уми марти соли равон дар Кохи Ваҳдат мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баргузор гардид.
Вобаста ба ин, санаи 4-уми апрели соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб таҳти раёсати раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, прокурори ноҳия Қурбонзода Муродбек Қурбон, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Акобиров Саидҷон, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Мирзозода Рамазон Бозоралӣ ва судяи Суди ноҳия Зарифзода Гулбаҳор бо фаъолону намояндагони ҷомеа, ходимони дин ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарон ва кормандони Раёсат, шуъба ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва воҳидҳои сохтории он, кормандони ниҳодҳои қудратии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилон, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, раисони кумитаҳои маҳал, имомхатибон, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Сараввал, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Варзоб Хоҷазода Фарзона Ҳамдам суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин хотиррасон намуданд, ки «Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд.
Баъдан, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ баромад намуда таъкид доштанд, ки қобили зикр аст, ки мулоқоти Президенти мамлакат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ пешниҳод гардид.
Бо ҳамин тартиб оид ба масъалаҳои матраҳшуда, баромад намуданд:
ёрдамчии прокурори ноҳия Шарифзода Азиз баромад намуда, иброз доштанд, ки таълиму тарбия, омӯхтани илму дониш ва аз худ намудани касбу ҳунар аз тарафи наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».
сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Акобиров Саидҷон зимни баромади хеш қайд намуданд, ки имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ мебошад.
Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилоташон дар хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳ бовар накунанд.
Ба хусус ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ваъдаҳои дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланди пешниҳод намудани шахсони шубҳанок, ки онҳоро намешиносанд бовар накунанд ва донанд, ки шахсони бегона метавонанд ба онҳо таъсир расонида гумроҳ намоянд ва ба созмонҳои гуногуни экстремистию террористӣ ҷалб намоянд.
сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Мирзозода Рамазон Бозоралӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти мазкур таъкид доштанд, ки «Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям».
Дар охир раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ атрофи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, сабабҳои асосии гароиши насли наврас ва ҷавонон, чораҳои пешгирикунӣ бо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас ва оила, баргузории чорабиниҳои гуногуни маданиву равшаннамоӣ, пур кардани мафкураи оилаҳои ҷавон ва кӯдакону ҷавонон бо ақидаҳои ватандӯстонаву илму фарҳанг, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ ва зери назорати махсус қарор додани тарбияи фарзандон ва фарогирии наврасону кӯдакон бо китобхонӣ ибрози андеша намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Орифҷон Олимзода,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб