Бо мақсади дастуру супоришҳо ва қарори Раиси ноҳияи Шаҳринав дар бораи корҳои идеологӣ якҷо бо сохторҳои дахлдор бо сокинони ҷамоати деҳоти Чуст деҳаи Деҳобод вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Мулоқоти мазкур бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан, тоза нигоҳ доштани кӯчаҳои маҳалла ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон ба иштирокдорон тағийиротҳои ба меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оқибатҳои ҳуқуқии истифодаи ғайриқонунии неруи барқро шарҳу тавзеҳ дода, қайд карданд, ки тибқи муқаррароти моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани таркиби ҷиноят, – ба шахсони воқеӣ аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда мешавад.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки мувофиқи тағйиру иловаҳои воридшуда тибқи моддаи 2531 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, минбаъд агар ҳамин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад ҷавобгарии ҷиноятӣ татбиқ карда мешавад.
Қайд карда шуд, ки сарфакоронаю оқилона истифодабарии неруи барқ ва саривақт пардохт намудани маблағи истифодабурдаи барқ аз сатҳи маърифатнокии ҳар як шаҳрванд вобаста мебошад.
Ҷаборзода Расул мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия баромад намуда, ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.
Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд:
1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад;
2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонад то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зиннаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд.
Инчунин, ба иттилои сокинон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Дар охир ба саволҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуданд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳринав