Дар асоси нақшаи муштараки гурӯҳи кории сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар самти тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷомеа, сокинони деҳаю маҳаллаҳо дар “Колеҷҷи тибии Кангурт” бо ҷалби фаъолон мулоқоти судманд доир карда шуд.
Ҷойи зикр аст, ки дар мулоқот дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 28 декабри соли 2024 баён доштанд, дар меҳвари андеша қарор доштанд.
Дар мулоқот муовини раиси ноҳия Айниддин А., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Наимзода М., мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Сафарзода Б., ва директори Коллеҷи мазкур Сафаров З., иштирок ва суханронӣ кард.
Зимни баргузории мулоқот табиист, ки мақсади ташкили мулоқот пеш аз ҳама беҳтар намудани корҳои таблиғотӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси миллӣ, худшиносию ватанпарастии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла муқовимат ба экстремизм ва терроризм, амалҳои коррупсионӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, никоҳи бармаҳал, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҳамзамон зимни суханронӣ ба масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба фарҳанг ва сару либоси миллӣ, таъмини фазои одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа, ифтихори ватандорӣ, моҳияти истиқлолу озодӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба истиқлолу озодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Дар идомаи суханронӣ гуфта шуд, ки баланд бардоштани тафаккури сиёсии шаҳрвандон, баланд бардоштани эҳсоси масъулияти давлатсозии шаҳрвандон, таҳлили нуктаҳои асосии Паём, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ягонагии миллат, афзалиятҳои кор дар замин, истифодаи оқилона ва бомақсади заминҳои кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, фаҳмонидани маънии аслии дин ба насли наврас, пешгирӣ аз таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҳамкории мактабу оила ва ҷомеа дар самти камолоти маънавии насли наврас, бунёди муассисаҳои таълимии томактабӣ, мустаҳкам кардани заминаи моддию таълимии муассисаҳои таълимӣ, нақши занону бонувон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи хонаводагӣ, ҷалби мардум ба корҳои хайру савоб, ҳадафҳои неку созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи ҳатмии Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин, ҷалби ҷавонон ба варзиш муҳимтарин масъалаҳои замони имрӯз буда, ҷорӣ кардани ин ҳама дар ҳаёту зиндагӣ гарави зиндагии шоиста ва ҳаёти хурраму обод буда метавонанд, фикру андешаҳо баён гардиданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволу дархостҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд. Мулоқоту вохӯриҳо дар ин самт идома доранд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар виляоти Хатлон