Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони бахшу сохторҳои мақомоти иҷроия, ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар манотиқи деҳоти шаҳр бо сокинон мулоқот гузаронида истодаанд.
Чунин мулоқоти судманд бо фаъолони деҳаҳои ба номи Саидалӣ Табаров, Қаратоғ, Гулбутта ва Шӯрхок баргузор гардид.
Ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинон доир ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи меъёрҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, №2163 “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 253 қисми 1- вайрон кардани қоида аз меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2025, №2164 “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 382 – риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона, муҳоҷирати бехатар суханронӣ намуданд.
Инчунин, масъалаҳои таъмини шуғли пурмаҳсул, соҳибкасб гардондани аҳолии бешуғл, аз ҷумла занону бонувон, истифодаи самараноки замин ва руёнидани ду-се ҳосил дар як сол, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии талаф ва истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, тақвияти назорат барои истифодаи самараноки он баррасӣ гардиданд.
Дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, махсусан ба Федератсияи Россия аз ҷониби масъулин масъалаҳо оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррар намудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) мавриди шарҳ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки шаҳрвандон ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарордошта танҳо то 10 сентябр вақт дигар барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия дар ихтиёр доранд. Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда пешбинӣ гардидааст ва ё ин ки зарур аст то 10 сентябри соли 2025 қаламрави Федератсияи Россияро тарк намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 декабри соли 2024, №1126, ва тағйирот ба фармони мазкур аз 28 апрели соли 2025, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд имконият медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад.
Инчунин, доир ба ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ, устувор нигоҳ доштани давлатдории миллӣ, сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби андешаи миллӣ, вусъати корҳои ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштан хонаву манзили шахсии сокинон, захираи маводи ғизоии дусола, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, даъват ба корҳои ободониву созандагӣ таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода