Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти судманд бо хатмкунандагони Литсейи касбӣ техникии сохтмонии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Миров П., – ҷонишини директори ЛКТС-и ш.Кӯлоб, Бегматов Д., – мудири бахши роҳнамоии касбӣ ва интихоби касб дар минтақаи Кӯлоб, Нурматов Б., – ҷонишини директори филиали МД “Маркази рушди ҳунармадӣ ва малакаҳои муосир” дар ш.Кӯлоб, Тағоев Б., ва намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон, дар мавзуи: ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ, интихоби дурусти касб, талаботи бозори дохилӣ ва берунаи меҳнат ба касбу ҳунарҳои муосир, муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ – террористӣ, сухан гуфтанд.
Вохӯриро бо хатмкунандагони Литсейи мазкур, ҷонишини директори муассисаи таълимӣ Миров П., – кушода иштирокдоронро бо аҳли толор шинос намуда, суханро ба мудири бахши роҳнамои касбӣ ва интихоби касб дар минтақаи Кӯлоб Бегматов Д., дод.
Дар баромади худ қайд кард, ки ҳар як ҷавон аз хурди дар ниҳоди худ орзӯи омӯхтани касбу кори дустдоштаи худро дорад ва барои ноил шудан ба ин ҳадаф ӯ бояд пайваста омӯзад ва малакаҳои худро сайқал диҳад. Зеро бозори меҳнати дохилӣ ва берунӣ имрӯз ба мутахассисони соҳибмалака ва васеъихтисос эҳтиёҷи калон дошта ба нафарони муваффақ имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Аз ин хотир, бояд ҳар як ҷавон дар интихоби дуруст ва бошууронаи касб таҳамулкор бошад.
Вобаста ба омӯзиши касбу ҳунарҳои муосир, рушди ҳунарҳои мардумӣ, зарурати таълимии марказҳои касбомӯзӣ ба ҳозирин маълумоти муфассал дода шуд. Аз ҷониби намонядаи шуъбаи Хадамоти мӯҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Тағоев Б., ба иштирокчиёни чорабинӣ вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Федератсяи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсири ташкилоту созмонҳои экстремистӣ ба ҷомеа, ҳолатҳои шомилшавии шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла ҷавонон ба сафи ташкилотҳои экстремистию террористӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ, инчунин таъсири ғояҳои ғаразноки иҷтимоии интернетӣ ба мафкураи ҷавонон, маълумот дода даъват ба амал оварда шуд, ки бештар ба забономӯзӣ касбу ҳунаромӯзӣ машғул шуда, дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки такя ба ҷавонони кишварамон доранд содиқ буда, Ватани худро дӯст доранд ва барои имрӯзу фардои дурахшони он саҳмгузор бошанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон