Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти судманд бо хатмкунандагони МТМУ №47, Ҷамоати деҳоти “Зарбдор”, дар мавзуи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳо ва ташкилотҳои экстремистӣ террористӣ”, баргузор гардид.
Вохӯриро ҷонишини директори МТМУ -№ 47 Холматов Х., кушода аз ҷумла қайд намуд ки, солҳои охир дар миқёси ҷаҳон бисёр гурӯҳу созмонҳо ва ташкилотҳои экстремистию террористӣ пайдо шуда, бо ақидаҳои иғвоангез ва ғаразноки худ ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатиро ба сафҳои худ ҷалб намуда, онҳоро барои муташаниҷ сохтани ҳаёти осоиштаи мардум истифода мебаранд.
Вобаста ба огоҳи доштан аз фаолияти ин гурӯҳу созмонҳо намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Таѓоев Б., баромад намуда, иброз намуд, ки дар вазъияти кунунӣ равияҳои сершумори экстремизм, ба монанди экстремизми сиёсӣ, миллатгароӣ, маҳалгароӣ, нажодпарастӣ ва динӣ хеле паҳн гардида, ба ақидаҳои ғаразноки худ ҷавонони сину соли гуногун ва муҳоҷирони меҳнатиро гумроҳ намуда барои амалисозии ниятҳои нопоки худ истифода мебаранд. Сарчашмаи асосии пайдоиш ва рушди экстремизми динӣ, ки оқибат ба фаолияти террористӣ табдил меёбад, дар баробари мавҷуд будани проблемаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, фарҳангӣ ва динӣ ин фаъолияти муташаккилонаи созмону ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ ба шумор меравад.
Ин созмонҳо ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатиро ба ҳар роҳу восита ба сафҳояшон ҷалб намуда, барои амалӣ намудани амалҳои нанговарӣ террористию экстремистӣ истифода мебаранд. Аз ин хотир мебояд, ҳар яки мо аз ҳамфикрӣ бо чунин гурӯҳу созмонҳо худро дар канор гирифта танҳо барои тинҷию осоиштагии Тоҷикистони азиз ва рушди минбаъдаи он қувваю ғайрати худро равона намоем.
Вобаста ба масъалаҳои интихоби дуруст ва бошууронаи касбу ҳунар, байни ҷавонон роҳандозӣ намудани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ мутахассиси бахши машварати касбӣ дар минтақаи Кӯлоб Бегматов Д., баромад намуда, таъкид ба амал овард,ки аз шомилшавӣ ба чунин гурӯҳу созмонҳо худро дар канор гиранд.
Мутахассиси ҳамин бахш Пириев С., дар ҷараёни вохӯрӣ иттилоъ дод, ки имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ МД “Марказҳои касбомӯзию ҳунаромӯзӣ ва рушди малакаҳои касбӣ” фаолият дошта, ҷавонон имконият доранд дар ин муассисаҳо касбу ҳунар омӯхта ба манфиати халқу ватани худ кору фаолият намуда дар рушди минбаъдаи он саҳмгузор бошанд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳи хатмкунандагон ҷавобҳои саҳеҳу қаноатбахш дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон