Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар маҷлисгоҳи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки кормандони шуъба, мулоқоти судманд дар байни касбомӯзони Филиали маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент гузаронида шуд.
Дар чорабини оид ба Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, кам намудани шиддати муҳоҷират дар байни занон, намудҳои бадтарини меҳнати кӯдакон, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, одамрабоӣ (қочоқи инсон), пешгирии зӯроварӣ дар оила, суханронӣ карда шуд.
Дар рафти мулоқот оиди қонунҳои мазкур ба иштирокчиён чунин маълумотҳо дода шуд.
Асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон танзим менамояд.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии умумишаҳрвандӣ ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати будубош суханронӣ карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд