Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар КВД “Хоҷагию манзилии комунали”- и шаҳр бо иштироки зиёда аз 60 нафар шаҳрвандон мулоқоти судманд баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., оид ба мавзуъҳои пешгирӣ содиршавии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо, ҷалби саривақтии ҷавонон барои даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмонида додани моҳият ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳамзамон оид ба муҳоҷирати бехатар, қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.
Ҳамзамон ӯ чанд сухан дар бораи соли маърифати ҳуқуқӣ ибрози ақида намуда, қайд кард, ки бо пешниҳоди Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”эълон карда шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳимми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар эъмори давлати мустақили миллиамон ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон махсус таъкид намуда, онро яке аз дастовардҳои муҳим арзёбӣ карданд:
“Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
Маърифати ҳуқуқӣ ба ҳар шаҳрванд имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳои худро бишносад ва аз он дифоъ кунад.
Асоси бунёд ва таъмини ҷомеаи демократӣ низ аз ҳамин маърифати ҳуқуқӣ сарчашма мегирад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки чунин мулоқотҳои судманд бо аҳолӣ дар дигар маҳалла ва Ҷамоатҳои шаҳри Исфара баргузор хоҳад шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара