Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Левакант дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ, хурофотпарастӣ ва шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористӣ ва экстремистӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», тарбия намудани ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллӣ мулоқоти судманд бо омӯзгорон ва хонандагони муассиса баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Левакант, бахши Хадамоти муҳоҷират, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва МД “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раванди номатлуб ба гурӯҳҳои номатлуби иҷтимоӣ пайвастани ҷавонон дар тамоми сайёра, аз ҷумла кишвари мо аз мушкилии дигар буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки пайравони гурӯҳҳои террористӣ роҳҳои нисбатан осон ва пуртаъсири таблиғу тарғиби ақидаҳои ифротиро ба роҳ монда, ҳамчун вабои аср ба амнияту давлати кишвар хатар эҷод мекунанд. Вале мушкилоти асосии ҷавонони мо ин огоҳ набудан аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ ба шумор рафта, ба он натиҷагирӣ мешавад, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳ дар мақсадҳои ғаразнок ва зиддидавлатию зиддимилии гурӯҳҳои террористӣ шарик мешаванд. Вале “Дар тули таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад”.
Дар рафти мулоқот меҳмонон, оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгароӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, номзадшавии бармаҳал, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллӣ зист, самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, тарзи дурусти истифодаи телефони мобилӣ, одоби муошират, рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”ва “Дар бораи тарбияи ватандустии шаҳрвандон” сухан карданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон