Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Ҷамоати Шаҳрак дар МТМУ №1 мулоқоти судманд бо омӯзгорону хонандагон ва волидайни онҳо баргузор гардид.
Зимни суханронӣ маърӯзачиён оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо сокинон ибрози андеша намуданд. Тоҷикистон дар минтақа ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ ва ҳамкорӣ шинохта шуда, заминаи мустаҳками рушди минбаъдаи худро фароҳам овардааст.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки Паём ҳамчун роҳнамо барои ҳамаи сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли зиё хизмат мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими рушди илм, маориф, тандурустӣ, дастгирии ҷавонон, таъмини амнияти миллӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ҷойгоҳи хоса доранд.
Инчунин, дар ҷараёни мулоқот вобаста ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад.
Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Вохӯрӣ дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

