• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мулоқоти судманд бо пайвандони муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Турсунзода

Migration Service by Migration Service
02.10.2025
in Хабархо
0
Мулоқоти судманд бо пайвандони муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Турсунзода
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳман ҷиҳати ба касбу ҳунаромӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гирифтани сокинони ҷумҳурӣ, инчунин, маълумотнокии мардум оид ба масъалаҳои гуногунсамти муҳоҷират, муҳоҷирати бехатар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа, гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода мулоқоти судманд бо пайвандону наздикони муҳоҷирони меҳнатӣ, ки айни замон дар хориҷи кишвар қарор доранд, баргузор гардид.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони фаъоли шаҳр ширкат варзиданд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба масъалаҳои муҳоҷират, тартибу қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии қонунӣ дар кишвари қабулкунанда мебошад. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулини  соҳа доир ба тағйиру иловаҳои нав ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли қонунии мушкилоти муҳоҷират маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Инчунин оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ки дар замони муосир, яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳисоб меравад, суханронӣ намуда, иброз намуданд, ки ҷараёни ҷаҳонишавӣ таъсири амиқи худро дар ин самт гузошта, марҳила ба марҳила аз шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ донистани забони хориҷиро тақозо менамояд.

Зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мадди назари давлату ҳукумат буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати забондонии ҷавонон дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Ба иттилои сокинон расонида шуд, ки дар назди МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, Хуҷанду Бохтар ва Хоруғ курсҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ- англисӣ, арабӣ ва куриёӣ  ташкил карда шудааст. 

Инчунин, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, аз ҷумла қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риоя кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ низ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад.

Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.

Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.

Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи сокинони шаҳри Турсунзода расонида шуд, ки донистану риоя кардани қонуну қоидаҳои кишварҳои бакорқабулкунанда вазифаи ҳар як шаҳрванд ва хоса муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, надонистан ва ё саркашӣ кардан аз он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оварда мерасонад.

Бояд тазаккур дод, ки имрўзҳо дар қаламрави Федератсияи Россия 19 намуди растанӣ таҳти назорати давлатӣ қарор дошта, барои парваришу нигоҳдории ин растаниҳо тибқи моддаи 231-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.

Яке аз чунин растаниҳо ин “Ҳазориспанд” ё “Гармала” мебошад, ки алкалоидҳо ба монанди гармалину гармин ва хусусияти психоактивӣ дорад. Ин растанӣ барои ворид, муомилот ва истеъмол дар ҳудуди Россия қатъиян манъ шудааст.

Бинобар ин, аз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки ҳангоми сафар ба Федератсияи Россия аз бурдани ҳазориспанд худдорӣ намоянд ва ба хотири чанд миқдор маблаѓ ҳаёти худу оилаи худро зери хатар нагузоранд.

Мулоқот дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт. Аз иштирокдорон даъват гардид, ки ба он нафароне, ки айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, барои маслиҳати ҳуқуқӣ ва тамоми мушкилот бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия дар тамос бошанд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Терроризм ва хатарҳои он

Next Post

Баргузории корҳои иттилоотӣ ва машваратӣ дар шаҳри Душанбе

Next Post
Баргузории корҳои иттилоотӣ ва машваратӣ дар шаҳри Душанбе

Баргузории корҳои иттилоотӣ ва машваратӣ дар шаҳри Душанбе

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.