Мувофиқи нақшаи кории бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом мулоқоти судманд бо сокинон дар бозори Фаровони шаҳр баргузор гардид.
Кормандони масъули бахши Хадамоти муҳоҷират, бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули сӯҳбати рӯ ба рӯ оид ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, соҳибкасб гардидан ва пешгирии аз омилҳои номатлуб, муҳоҷирати бехатар, пешгирии бегонапарасти ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзи суханронӣ намуданд.
Дар мулоқот қайд карда шуд, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тули қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.
Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ, имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ аксияи «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардида истодааст.
Пос доштани як ҷузъи фарҳанги хеш, либоси миллии тоҷикона, ки
таҷассумгари расму оин, нишони зебопарастӣ ва ифтихори ҳар халқияту миллат маҳсуб меёбад барои ҳар як зан, бонуи тоҷик шарт ва зарур аст.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд