Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Каримзода Мансур Тағой дар Ҷамоати деҳоти Бӯстони деҳаи Чилчашма бо сокинон ва муҳоҷирони минтақаи зери обшавандаи нерӯгоҳи барқии оби Роғун, ки аз ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун дар ноҳия бо қитъаи замини назди ҳавлигӣ таъмин гардидаанд, мулоқоти судманд доир гардид.
Дар мулоқот оид ба вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ бо шароитҳои аввалиндараҷаи зиндагӣ таъмин намудани онҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаи таълимӣ, соҳаи тандурустӣ дар бунгоҳи тиббӣ, инчунин тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо роҳандозӣ гардид.
Ҳамзамон Раёсати кишоварзии ноҳия вазифадор гардид, ки дар маҳалли нави муҳоҷирон шинонидани дарахтони ҳамешасабзро таъмин намояд.
Бояд тазаккур дод, ки гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, ки дар он кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират шомил аст, оид ба муҳтавои Паёми Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷамоати шаҳраки “30 солагии Истиқлол” бо сокинони деҳаҳои Мискинобод, Орифон, Заркамар – 1, Гултеппа, Фатҳобод, Сарой бо теъдоди 450 нафар вохӯриву мулоқотҳо доир намуданд.
Дар ҳайати гурӯҳи корӣ Раиси ноҳия, муовини раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулозода Умеда, инчунин, Прокурори ноҳия, Раиси Суди ноҳия, Сардорони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ШКД, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок ва баромад намуданд.
Дар вохӯриҳо бо сокинони Ҷамоату деҳоти ноҳия доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷалби онҳо ба даъвати баҳорӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористию – экстремистӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва бозгашт аз муҳоҷират, бахусус дар муҳоҷирати меҳнатӣ кору фаъолияти занону бонувони ноҳия, аз зинаи таҳсил дур мондани духтарон, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби соҳибкорони ноҳия, бо шуғл фаро гирифтани сокинони ноҳия ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ гардида, бо дастовардҳо таҷлил гирифтани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, суханронӣ намуданд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод: