Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, санаи 17-уми июли соли 2025 баён гардида буд, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён мулоқоти судмандро бо сокинони ҷамоати деҳоти Чорбоғ баргузор намуд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, сарфакорона ва оқилона истифода намудани нерӯи барқ, тақлид накардан ба фарҳангҳои бегона, муҳоҷирати бехатар, қонунгузории нави кишвари Россия дар самти муҳоҷират, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аъзои гурӯҳи корӣ бо далелҳои мушаххас ва мисолҳои равшан зарурати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва саҳмгузорӣ дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагиро таъкид намуданд, ба сокинон ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва роҳ надодан ба исрофкорӣ тавсияҳои муфид дода шуд.
Дар рафти вохӯрӣ, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия баромад намуда, ба самъи сокинон расонид, ки дар Федератсияи Россия, марҳилаи дуюми озмоиши санҷиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ба Россия барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 30 июни соли 2025 оғоз ёфтааст, суханронӣ намуда, хотиррасон намуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ замимаи мобилии ruID дастрасӣ дорад, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд дар портали Хадамоти давлатӣ ҳисоб эҷод кунанд, СНИЛС гиранд ва дар бораи сафари худ ба Федератсияи Россия огоҳинома пешниҳод намоянд.
Инчунин, ба маълумоти сокинон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Дар анҷоми мулоқот, сокинон саволҳо ва пешниҳодҳои худро матраҳ намуда, ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда дарёфт карданд. Аз ҷониби намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ ва раҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон