Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ҷӯраева Г., сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Исфара Шаҳира Юлдошева, мудири бахши дин, танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Дилмурод Азизов бо сокинон, фаъолон ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии деҳаи Гулистони ҷамоати Кӯлканд, бо иштироки 120 нафар, мулоқоти судманд баргузор намуданд.
Нахуст, муовини раиси ҷамоат ҳадафи баргузории мулоқотро ба иштирокдорон фаҳмонид. Дар вохӯрӣ ҳар яке оид ба мавзуҳои гуногун ва ҳалталаби рӯз суханронӣ намуданд.
Дар навбати худ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., оид ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои тарбияи кӯдак”, тағйиротҳо ба меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, инчунин, оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, таасубу тақлид ба фарҳанги номақбули бегона, дурусту самаранок истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ва роҳ надодан ба зиёдаравию ифротгароӣ, ба роҳ мондани кор дар самти касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ ва бозпасшуда, муҳоҷирати бехатар, муқовимат ба савдои одамон, пешгирӣ ва эҳтиёт шудан аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, роҳ надодан ба нақзи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандони кишвари қабулкунанда, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари мазкур, оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, суханронӣ намуда, диққати иштирокдоронро оид ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуд. Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуда, варақаҳои иттилоотӣ дастрас гардид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд