Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни аҳолии ноҳия мулоқоти судманд бо сокинони Ҷамоати деҳоти Навбаҳор деҳаи Калинин баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохурӣ бо сокинони маҳалла суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом дода шуда, масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рӯзмарраи аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сокинон фикру андеша, дархост ва пешниҳодҳои худро вобаста ба беҳтар намудани шароити зиндагӣ, ободонии маҳалла, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрам иброз намуданд.
Ҳамзамон, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат, татбиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши ободониву созандагӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар ҷомеа ба роҳ монда шуд. Таъкид гардид, ки саҳми ҳар як шаҳрванд дар пешрафт ва шукуфоии Ватан ниҳоят муҳим мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд, аз ҷумла риояи қонунгузории меҳнат, шароити кор ва пардохти музди меҳнат, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ, инчунин тартиби муроҷиат ба мақомоти салоҳиятдор дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқҳо. Ба иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои мубрами қонунгузории муҳоҷиратӣ ва меҳнатии Федератсияи Россия шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар доираи мулоқот дигар масъалаҳои муҳими рӯзмарра, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш меоранд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

