Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мулоқоти судманд бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ориён баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ, ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули суҳбатҳои рӯ ба рӯ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, савдои одамон, муҳтавои Паём, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии бегонапарстӣ ва пос доштани фарҳанги аҷдодии миллӣ ва қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират байни сокинони ҷамоат баргузор гардид.
Инчунин, дар идомаи суҳбат возеъ ба саволҳои иштироккунандагон қайд карда шуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавад, вазифадор аст дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудан ё ҳангоми муроҷиат барои гирифтани Патент аз қайди ҳатмии давлатии изи ангушт, аксбардорӣ ва муоинаи тиббӣ гузаранд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи сокинони ҷамоати деҳоти Ориён расонида шуд, ки бинобар сабаби расонаӣ гардидани “Рӯйхати шаҳрвандони назоратшаванда”, ҳаракати қаллобон ҷиҳати ба манфиати худ истифода намудани ин ҳолат ва дарёфти маблағи муфт аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд гардидааст.
Вобаста ба ин, аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки ба миёнаравон муроҷиат накарда, танҳо ба намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар ватан ва Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Бояд қайд кард, ки расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ҷиҳати муайян намудани вазъи будубоши шаҳрвандон аз ҷониби намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон мебошад.
Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират prmstj@mail.ru истифода намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд