Тибқи нақша – чорабиниҳо шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти судманд бо мақсади баланд бардоштани огоҳии сокинон дар маҳаллаи “Навбаҳор” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Муродҷон Р., мудири шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд Пулодов М., мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар шаҳр Деҳқонова Г., мутахасиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ахмедҷонова В, иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, маънавӣ ва тарбиявӣ ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткори миёни ҷавонон, таҳкими нақши зан дар ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ оид ба қоидаҳои нави муҳоҷирати меҳнати дар Федератсияи Россия сухан намуданд. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани зиндагии бисёр оилаҳо ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, солҳои охир қоидаҳо ва талаботҳо барои муҳоҷирон сахтар гардидааст. Пеш аз ҳама, ҳар як шаҳрванд баъд аз ворид шудан ба кишвари Россия бояд дар муҳлати муайян аз қайди муҳоҷират гузарад. Риоя накардани ин талабот метавонад боиси ҷарима ё ҳатто ихроҷ аз кишвар гардад.
Ҳамчунин барои фаъолияти меҳнатӣ гирифтани патент ҳатмӣ мебошад. Барои гирифтани он шаҳрвандон бояд аз имтиҳони забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузорӣ гузаранд, инчунин аз муоинаи тиббӣ гузашта, суғуртаи тиббӣ дошта бошанд.
Қоидаҳои нав инчунин назорати сахтро пешбинӣ мекунад. Дар ҳолати надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ё вайрон кардани қонун, шахс метавонад ба руйхати манъи воридшавӣ дохил карда шавад.
Аз ин ру, зарур аст, ки шаҳрвандон пеш аз сафар бо қоидаҳо пурра шинос шаванд, ҳуҷҷатҳои худро дуруст омода намоянд ва танҳо бо роҳҳои қонунӣ фаъолияти меҳнатӣ баранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

