Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву иҷтимоии шаҳрвандон, вохӯрии навбатии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, ки намояндаи Хадамоти муҳоҷират низ дар он вобаста мебошад, бо сокинони деҳаи Чимпӯштии ҷамоати деҳоти Заркамар, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, истифодаи мақсаднок ва самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, алалхусус ҷавонон аз макру найранг ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар раванди муҳоҷират, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ ва худдорӣ аз тақлид ба фарҳанги бегона, махсусан дар либоспӯшӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Масъулин таъкид намуданд, ки сатҳи маърифати сиёсӣ ва фарҳангии аҳолӣ, хоса насли ҷавон бояд пайваста боло бурда шавад, то ки онҳо тавонанд дар шароити муосир аз арзишҳои миллӣ ва давлатӣ муҳофизат кунанд ва зиракона ба ҳодисаву воқеаҳои ҷаҳони имрӯз муносибат намоянд.
Ҳамзамон, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад, ки талаботи қонунгузории Федератсияи Россияро дар ин самт риоя намуда, огоҳинома оид ба шартномаи меҳнатӣ бо корфарморо саривақт ба мақомоти дахлдори давлатӣ манзур намоед.
Инчунин, таъкид намуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ва пеш омадани мушкилот дар ин самт метавонанд ба рақами боварии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷира ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР оид ба муҳоҷи рат бо рақами +7(495)967-98-44 дар тамос шаванд.
Баргузор намудани чунин вохӯриҳо тибқи Нақшаи тасдиқгардида дар дигар ҷамоату деҳаҳои ноҳия идома дорад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон