Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва КИ ҲХДТ дар ноҳия дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқоти судманд бо сокинон баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ баромадкунандагон доир ба ”Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, пешгирии шомилшавии ҷавонон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии ходисаҳои номатлуби коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат ба модар ватан, ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст, суханронӣ намуданд.
Дар рафти суханрони мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Саидов С., оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) сухан гуфт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

