Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурдани корҳои фаҳмондадиҳиро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, дар ҷамоату шаҳраки ноҳия мулоқоти судманд бо фаъолон, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва аъзои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ доир намуд.
Кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират вобаста ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК “НБО Роғун”, муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон, мубориза бар зидди коррупсия, оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, инчунин дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҳамзамон, оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши сафар барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия доранд, дар бораи тартиби дароз намудан ва ё кам намудани муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, гирифтани Патент, қайди муваққатӣ, бастани шартнома бо кордиҳанда ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, ироа намуданд.
Инчунин, иштирокдоронро оид ба иҷроиши Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шудааст, шинос карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд