Тибқи нақшаи амалии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол деҳаҳои Сангмелаи боло ва Сангмелаи муссо бо мақсади тақвияти робитаи мустақим бо аҳолӣ, огоҳсозии шаҳрвандон аз сиёсати пешгирифтаи давлат мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо сокинони деҳаҳо мулоқоти самимӣ анҷом дода шуда, масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рӯзмарраи аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сокинон фикру андеша, дархост ва пешниҳодҳои худро вобаста ба беҳтар намудани шароити зиндагӣ, ободонии маҳалла, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрам иброз намуданд.
Ҳамзамон, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат, татбиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши ободониву созандагӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар ҷомеа ба роҳ монда шуд. Таъкид гардид, ки саҳми ҳар як шаҳрванд дар пешрафт ва шукуфоии Ватан ниҳоят муҳим мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Расул Ҷаборзода оид ба риояи қонунҳои кишвари иқомат ва сари вақт расмӣ намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъкид гардид. Ҳамзамон, диққати махсус ба масъалаи пешгирии ҷалбшавӣ ба гурӯҳҳои деструктивӣ равона шуд, ки фаъолияти худро бо шиорҳои динӣ пинҳон карда, ҷавононро ба амалҳои террористӣ даъват менамоянд.
Қайд гардид, ки сабаби асосии муҳоҷират беҳтар кардани вазъи моддӣ мебошад ва маҳз аз ҳамин сабаб шаҳрвандон бояд диққати худро ба фаъолияти меҳнатӣ ва риояи қонунҳо равона созанд. Илова бар ин, ба иштирокчиён зарурати пешгирии бемориҳо ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ хотиррасон карда шуд, зеро бемориҳои вирусӣ на танҳо ба худи муҳоҷирон, балки ба дигарон низ зарар расонида, ба саломатии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар анҷоми вохурӣ ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

