Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баён гардида буданд ва дар доираи васеъ намудани корҳои таблиғотию иттилоотӣ миёни аҳолӣ мулоқоти судманд бо сокинони маҳаллаи “Масчиди Савр”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Набизода Ҷ., Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷ., мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр Раҷабов М., мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Ахмедҷонова В., сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ғафуров С., намояндаи комиссариати ҳарбии шаҳр ва ходимони дин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ дар миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла муқовимати муассир ба равандҳои ифротгароӣ ва гурӯҳҳои радикал аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таваҷҷуҳи хос ба нақши муассир ва мутақобилаи оила, мактаб ва ҷомеа дар тарбияи дурусти насли наврас зоҳир гардид.
Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба муҳоҷират, хизмати ҳарбӣ ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти таҳрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ мебошад. Ғайр аз ин, гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ – террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҷавонон ҳанӯз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккулнаёфта, роҳгум мезананд.
Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст, дида мешавад. Дар қисми дуюми моддаи 34- и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд”. Гуфта шуд, тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротгароӣ, барангехтани тухми низоъ дар миёни инсонҳо, нодида гирифтани арзишҳои олии давлату миллат, даъвати одамон ба ҷиҳоду муноқишаҳои қавмию мазҳабӣ ва таҳдид ба суботи оромии ҳар як халқияту миллат аз амалу кирдорҳои ҷинояткорона ба ҳисоб рафта, ба ояндаи он хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Гуфтаҳои омад аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Моро лозим аст, ки бо ҷавонон бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, варзиш, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва илмомузӣ ташвиқ намоем, то ин тамоюли номатлуб идома наёбад.
Мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Ахмедҷонова В., оид ба тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ФР дар самти муҳоҷират баромад намуда, аз ҷумла ба самъи сокинони шаҳр расонид, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.
Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд.
1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад;
2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонад то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зиннаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд.
Ба иттилои сокинон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Дар анҷоми ҷорабинӣ ба саволҳои сершумори иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас дода шуда, инчунин ба ҳозирин варақаҳои иттилоотӣ ва раҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақдим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд