Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар деҳаҳои Нақшбандон ва Лоҳутӣ Ҷамоати деҳоти “10-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Турсунзода дар толори муассисаҳои таълимии №16 ва №53 мулоқоти судманд бо фаъолону сокинони деҳа, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо доир гардид.
Дар баромади худ гуруҳи корӣ оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, дар ин замина таъмини тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва терроризм, тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, касалиҳои сирояти, пешгирии зӯроварӣ дар оила, фарогирифтани занону духтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, муҳоҷирати бехатар, риояи қонунҳои амалкунанда, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Бобоев Камолиддин ба сухан баромада, вобаста ба тағйиротҳо дар қонунгузории кишвари иқомат, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ, фаъолият дар заминаи шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, огоҳонӣ оид ба гурӯҳҳои хатарафзо, террористиву экстремистӣ, ифротгароии динӣ ва нигоҳдории беҳдошти саломатӣ ба сокинон маълумотҳои муфид доданд.
Зикр гардид, ки дар талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия тағйиротҳои зиёд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардида, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои муайяншударо риоя намуда, баъди ба даст овардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ огоҳинома манзур намоянд.
Дар ин замина аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ меъёрҳои бехатарӣ дар истеҳсолотро риоя намуда, бехатарии саломатии худ ва дигар ҳамватанонро таъмин намоянд.
Ҳамзамон, ба иттилои сокинони шаҳр вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву эсктремистӣ, ифротгароии динӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои даҳшатафкан ва хатару омилҳои гурӯҳҳои мазкур маълумот манзур карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, аз ин гуна гуруҳҳои мазкур канораҷӯӣ намоянд. Ҳаёти худро қурбонӣ манфиати дигарон накунанд.
Чунин мулоқоту вохӯриҳои судманд тибқи нақша дар дигар ҷамоатҳои деҳот ва қаламрави шаҳри Турсунзода идома дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

