• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мулоқоти судманд дар Ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон

Migration Service by Migration Service
15.03.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мулоқоти судманд дар Ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ёвон якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ФМД “МТКТ” – и ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Чоргул мулоқоти судманд бо раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, бонувон, ҷавонон ва дигар фаъолони ҳудуди Ҷамоат дар мавзӯи “Таҳдиди ифротгароӣ ба музафариятҳои миллӣ” баргузор намуданд.

Баромадкунандагон қайд карданд, ки мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин имсол дар арафаи моҳи шарифи Рамазон, моҳи покиву соховатмандӣ, парҳезкориву эҳсонкорӣ баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои тоҷикони ҷаҳон ба масъалаҳои ҷиддиву ҳалталаб ва дар баробари ин муҳимму саривақтӣ, аз қабили терроризму эсктремизм, иҷрои талаботи қонунҳои миллӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба таълиму тарбия, ҳифзи арзишҳо ва музафариятҳои миллӣ ва фазои мафкуравии ҷомеа, пайравӣ аз оинҳо ва русуми аҷдодӣ, дар доираи аркони муқаддаси дини мубини ислом фаъолият кардан ва дигар мавзуъҳои ҳаёти маънавию иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати амалӣ сохтани дастурҳо ба сохторҳои марбута ва намояндагони ҷомеаву ходимони дин мушаххас додаанд.

Терорризм ва экстремизми диниро яке аз сарчашмаҳои асосии бадбахтии мардум ва гаравидани ҷавонони ноогоҳву аз таҳсили илмҳои муосир дурмонда ҳисобида, иброз доштаанд, ки: “…аксари шахсони ба ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дастзада дар даврони наврасӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб гардидаанд ва аз таҳсил дар мактаби миёна дур мондаанд.” Ҳамзамон масъалаи хурофотпарастӣ ва нигоҳи кур куронаи бархе аз шаҳрвандон ба арзишҳои инсониву динӣ боиси ба зиёдаравӣ ва хурофоту ифротӣ даст задан мегардад.

Дар мулоқот Президенти мамлакат бори дигар аз сар задани ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон, ки солҳои 1990 – ум рух дода буд, ёдовар шуда, сабаби асосии онро дар мафкураи тундрави динӣ, таассубгароӣ ва сиёсисозии ақидаҳои динӣ маънидод намудаанд.

Маҳз истифодаи ғаразноки эҳсоси динии мардум, бетарафию бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат боиси сар задани нооромиҳо дар кишвар гардид.

Давлат бо такя ба маълумоти дақиқ чунин ибрози андеша кардаанд:

“Беш аз 150 ҳазор нафар кушташудагон, як миллион гурезаҳои иҷборӣ, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакони ятим, миллионҳо нафар одамоне, ки азизони худро аз даст доданд ва миллиардҳо сомонӣ зарари иқтисодии он рӯзҳо ҳанӯз аз хотираи мардум нарафтаанд ва дар иқтисодиёту зиндагии мо имрӯз низ эҳсос мешаванд”.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” андешаронӣ намуда, қабули ин санади меъёрии ҳуқуқиро ба боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таблиғу ташвиқ намудани арзишҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саривақти номид.

Дар робита ба ин, Сарвари давлат ба хиради азалии мардуми тоҷик ва таҳамулпазиру худшинос ва худогоҳ будани онҳо боэътимодии худро иброз доштаанд.

Дар ин бора чунин фармудаанд: “Тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мебошад”.

Бо дастур ба мақомоти дахлдори давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли ҷомеа, хусусан, ходимони дин зарурияти боло бурдани сатҳи маърифатнокии аҳолии кишварро тақозо доштаанд.

Бояд иброз намуд, ки мулоқоти судманду манфиатбахши Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин давоми мантиқии ҳифзи марзу буми кишвар ва содиқонаву софдилона заҳмат кашиданро аз ҳамагон тақозо кард.

Лозим ба таъкид аст, ки мардуми сарбаланди тоҷик қодир аст, ки дар партави сиёсати сулҳҷуёна ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоиста, суботи кишвар, рушди бемайлони соҳаҳои хоҷагии ҳалқи мамлакат, амалӣ намудани ташаббусҳои созанда, тараннуми ватандӯстиву ватанпарварӣ ва худогоҳии миллӣ боз ҳам бештар саҳм гузошта, обрую эътибори миллату давлатро дар арсаи ҷаҳон болотар бардоранд.

Дар фарҷоми мулоқот фаъолони Ҷамоати деҳоти Чоргул ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ёвон

Previous Post

Муқовимат бо коррупсия вазифаи ҳамагон аст

Next Post

Вохӯриҳои судманд роҷеъ ба Паёми Роҳбари давлат дар ноҳияи Варзоб

Next Post
Вохӯриҳои судманд роҷеъ ба Паёми Роҳбари давлат дар ноҳияи Варзоб

Вохӯриҳои судманд роҷеъ ба Паёми Роҳбари давлат дар ноҳияи Варзоб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.