Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара якҷоя бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ШВКД-1 дар Ҷамоати деҳоти Кулканд бо фаъолони Ҷамоат, раисони маҳаллаҳо ва бо оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқоти судманд доир намуд.
Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати-миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ироа гардида, доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон” масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ Ватан, суханронӣ намуд.
Бояд иброз намуд, ки гузаронидани чунин вохӯриву мулоқотҳои судманд дар ҳама Ҷамоату деҳоти шаҳр мунтазам идома дорад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара