Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент якҷоя бо шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, кор бо занон ва оила, бахшҳои оид ба дин танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва варзиш, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ дар шаҳри Панҷакент дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ деҳаи Марғедар мулоқоти судманд бо фаъолон ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта баргузор намуданд.
Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон, хусусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм, соҳибкасб намудани занону бонувони хонашин ва ба ватан баргашта, бо мақсади паст намудани шиддати муҳоҷират дар байни занон, пешгирии савдои одамон, одамрабоӣ (қочоқи инсон) дар хориҷи кишвар, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оила, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби коррупсионӣ ба ҳозирин ироа гардид.
Қайд гардид, ки пешгирии зӯроварӣ дар оила – маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишаванда, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудаанд.
Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии умумишаҳрвандӣ ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати будубош суханронӣ карда, ба ҳар як иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ – маърифатӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд