3 июни соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо роҳбари Дафтари бисёрҷонибаи Фонди байналмилалӣ барои рушди кишоварзӣ (IFAD) оид ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Павел Шустро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот, инчунин Заррина Бобоалиева, ҳамоҳангсози REMIT PRIME дар Тоҷикистон низ ширкат дошт.
Сараввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, аз ҷумла, дар бораи фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ маълумоти мухтассар пешниҳод намуд.
Дар рафти мулоқот Сардори Хадамот дар бораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи бехатарӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, инчунин ҷалби муҳоҷирони ба ватан бозгашта ба бозори меҳнат андешаронӣ намуд.
Ҳамзамон, иброз намуд, ки Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир кишвари фаъоли муҳоҷирати корӣ ба шумор меравад. Маблағе, ки шаҳрвандони мо ба Ватан мефиристанд, на танҳо эҳтиёҷоти оилаҳои онҳоро қонеъ мекунанд, балки дар устувории вазъи макроиқтисодии кишвар нақши муҳим дорад.
Фароҳам овардани шароит барои кор кардани ин захираҳо ба манфиати худи шаҳрвандон ва умуман ҷомеа, вазифаест, ки давлат дар маркази сиёсати муҳоҷирати худ қарор медиҳад. Маҳз бо ҳамин мақсад аз ҷониби Ҳукумати кишвар “Стратегияи миллии танзими равандҳои муҳоҷират барои давраи то соли 2040” тасдиқ карда шуд, ки ин санад бори нахуст дар таърихи истиқлоли мо ҷанбаҳои башардӯстона, иҷтимоӣ ва иқтисодии муҳоҷиратро дар як сиёсати ягонаи ҳамаҷониба муттаҳид намуд. Яке аз самтҳои муҳимтарини он зарурати рушди фарҳанги молиявӣ дар байни муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо мебошад.
Дар навбати худ Павел Шуст дар бораи Барномаи “Платформаи интиқоли пул, сармоягузорӣ ва соҳибкории муҳоҷирон” (REMIT PRIME), ки дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон амалӣ шуда истодааст, аз 2 то 4 июни соли 2025 сурат хоҳад гирифт, маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Номбурда қайд кард, ки мақсад ин баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, бахусус оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва онҳое, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан бармегарданд, марбут аст.
Мо инчунин, бо бонкҳо низ ҳамкорӣ мекунем, то мардум маблағҳои гирифтаашонро оқилона истифода баранд ва онҳоро ба тиҷорати худ ва сохтани пасандозҳо равона кунанд, – иброз намуд Павел Шуст.
Дар поёни мулоқот Тарафҳо омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.Сипас Павел Шуст аз бинои нави Хадамоти муҳоҷират, ки айни замон сохтмон идома дорад дидан намуд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират