Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон якҷоя бо Раёсати Агенти меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои онҳо мулоқоти судмандро бо сокинони деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Бунҷикат баргузор намуданд.
Баромадкунандагон вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон, муҳоҷирати бехатар, терроризму экстремизм, амалишавӣ ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуданд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.
Дар фарҷоми мулоқот доир ба масъалаҳои баррасигардида, аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ ва сиёсии ҷавонон, дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбати ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва инчунин фаҳмондадиҳии моҳият, оқибат ва пайёмадҳои гурӯҳҳои ифротӣ саҳмгузор буда, баҳри иҷрои қонунҳои амалкунандаи кишвар бетараф набошем.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд