Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии хонандагон оид ба роҳҳои пешгирии шомилшавӣ ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ – экстремистӣ пешгирии фарҳангӣ бегонапарастӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии №7 мулоқоти судманд баргузор намуд.
Дар мулоқот мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр Толибова Фарзона, сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдои МИҲД – Ҳамроалиева Фарангиз, сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳр – Исроилова Башорат директори муассисаи таҳсилоти умумии № 7 – Норбоева Дилором иштирок ва суханронӣ намуданд.
Рузномаи мулоқот аз пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пос доштани фарҳангии миллӣ ташаккулдиҳандаи тарбияи ахлоқию эстетикӣ, муқовимат ба савдои одамон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, қонунгузории Федератсияи Россия, пешгирии бемориҳои ВНМО/БПНМ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ муфассал баромад намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки дар ин самт бештар фаъол бошанд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба хусус дар ҷойи ташкилӣ маъракаҳои пурдабдаба ба роҳ мондани корҳои хайру эҳсонкорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, интихоби касб, либоспӯшии фарҳанги миллии бегона (сатру ҳиҷоб аз занону духтарон, ришмонии ҷавонон), муқовимат бо савдои одамон, одамрабоӣ, инчунин, баромадкунандагон вобаста ба самти худ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва тадбирандешиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи худшиносиву меҳнатдӯстӣ ва эълон гардидани соли 2024 соли «Маърифати ҳуқуқӣ» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сӯҳбатҳо намуда варақаҳои иттилоотӣ оид ба касбомӯзи, пешгирии терроризму экстремизм тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд