Дар шаҳри Бохтар дар доираи чорабиниҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо иқдоми роҳбарияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар заминаи талаботи нақшаи “Стратегияи танзими раванди муҳоҷират” ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои таблиғотӣ чорабинии таъсиргузор баргузор шуда, ин иқдом дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома хоҳад ёфт.
Ёдрас мешавем, ки бо мақсади беҳдошти будубошӣ муҳоҷирон дар хориҷи кишвар ва инчунин ҷиҳати боло бардоштани сатҳи ҷаҳонбинию дониши ҳуқуқиашон то ба имруз аз ҷониби Раёсат бо ҷалби 258 ҳазору 300 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят 555 маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда масъалаҳои алоқаманди муҳоҷирон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.
Дар “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо мақсади иҷрои нақшаи “Стратегияи танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои то 2040” ва ҷиҳати иҷрои дигар нақшаву барномаҳои соҳавӣ роҳбарияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон фаъолияти назаррас дошта, дар ин самт як қатор иқдомҳои ҳадафрасро сомон доданд.
Ҳамин аст, ки давоми ҳафт моҳи соли равон аз ҷониби Раёсати мазкур байни 258 ҳазору 300 нафар табақаҳои гуногуни ҷомеаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 555 маротиба суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд. Баргузории чорабинии имрӯза низ дар ин замина ҷараён гирифта, масъалаҳои алоқаманди ҳаёти муҳоҷирон мавриди таҳлил қарор гирифт.
Дар чорабинӣ муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Маҳмадсалим Пир, роҳбарият ва ҳайати кормандони Раёсат дар вилояти Хатлон, инчунин муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо ширкат варзиданд.
Сардори Раёсат Хайриддинзода Исфандиёр моҳияти баргузории ҷаласаро идомаи татбиқу амалигардии дастуру супоришҳои Пешвои миллат маънидод карда оид ба самтҳои фаъолияташон дар мавриди боло бардоштани сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии муҳоҷирон ёдрас шуд.
Таъкид гардид, ки тибқи супоришу нақшаҳои кориашон, ки аз Паём бармеояд бо мақсади истиқболи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи чорабиниҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар раванди муҳоҷират, тағйироту иловаҳо ба қонунҳои Федератсияи Россия дар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вусъат ёфта минбаъд низ дар ин самт корҳои таблиғотӣ вусъат меёбад.
Дар идома намояндагон вобаста ба мавзӯи бархурди фарҳангу тамаддунҳо ва таъсирии манфии раванди ҷаҳонишавии давлатҳои мутараққӣ иттиллоъ дода, таъкид намуданд, ки муҳоҷирон ҳамарӯза зери назорати волидайну пайвандон бошанд.
Ба гурӯҳҳои ифротгаро дода нашаванд, балки бо одобу ахлоқи наку ва меҳнат баҳри беҳдошти зиндагиашон талош варзанд. Даъват ба амал оварда шуд, ки қабл аз сафари муҳоҷирати меҳнатӣ бояд шаҳрвандон соҳиби касбу ҳунар бошанд. Илова барин донистани забон, урфу одат ва қонунҳои ҳамон давлате, ки сафар мекунанд зарур аст.
Дар як маврид қабл аз сафар ба масъалаи ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо эътибор дода, донанд, ки ворид шудан ба хориҷи кишвар иҷозат доранд ё мамнуъ мебошанд.
Қаблан ба Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” аз ҳуқуқшиносон дастуру маслиҳатҳои ройгон гиранд, то дар раванди сафарашон ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ нагарданд.
Дар партави қонуну санадҳои барояшон дахлдор амал карда бо донишу маърифати волои хеш аз манфиатҳои худ ҳимоя намоянд.
Бо назардошти ин ва дигар паҳлӯи мавзӯи муҳоҷират мулоқот таъсиргузор ҷараён гирифта намояндагон дар сатҳи лозима бо додани иттиллоъ маърӯза намуданд.
Сипас тариқи саволу ҷавоб мубодилаи афкор ҷараён гирифта бо назардошти қонеъ гардонидани матлаби шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият посухи саҳеҳ дода шуд.
Чунин як мулоқоти судманди ҳайати корӣ байни муҳоҷирон ва пайвандони онҳо дар шаҳри Левакант идома ёфт. Инҷо низ масъалаҳои ҳалталаби алоқаманди мавзӯи муҳоҷират мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта ба шаҳрвандон дастуру маслиҳатҳои судманд дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар ҳоли пайдо гардидани мушкилиҳои самти муҳоҷират кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон омодаанд кумаку дастгирӣ намоянд.
Қобили ёдоварист, ки намояндагони Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вуҷуд дошта дар самти дастгирии шаҳрвандон ҳамарӯза мавқеъгирӣ менамоянд.
Дар назар аст, ки чунин вохӯриҳо тибқи реҷаи пешбинишуда дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома хоҳад ёфт.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон