Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки решаҳои амиқ дар таърих, фарҳанг ва ҳамҷаворию ҳамзистии мардумони ду кишвар доранд, дар тӯли солҳои охир марҳилаҳои гуногуни мураккабро аз сар гузаронидаанд. Ихтилофоти марзӣ ва масъалаҳои вобаста ба истифодаи захираҳои обу энергетикӣ боиси сардӣ ва ҳатто танишҳо дар муносибатҳои дуҷониба гардида буданд. Аммо, иродаи қавии сиёсӣ, талошҳои пайгиронаи дипломатӣ ва дарки амиқи манфиатҳои миллии ҳарду кишвар, ки бо роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омаданд, имкон доданд, ки ин мушкилот паси сар карда шаванд.
13-уми марти соли 2025 мо шоҳиди кушодашавии расмии марзҳои байни ду кишвари ҳамҷавор ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистонро аз расонаҳои ахбори омма шоҳид гардида, ба хиради волову сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасанно гуфтем. Бешак ӯ воситаи суботу оромӣ, кафили амну амонӣ, меъмори сулҳу ваҳдат аст.
Дар тули панҷ соле, ки байни ин ду халқ кашмакашу ҷанҷолҳо ва задухӯрдҳои хунин шуда, боиси харобиҳо ва марги чандин мардуми бегуноҳ гардиду маҳз имрӯз бо шарофати сарони ду кишвар, офтоби бахт ва сулҳу оромӣ баромада, ҳама он кинаву адоватро ба пуррагӣ аз байн бурд.
Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров аз фурудгоҳ Пешвои миллатро бо тамоми расму русуми миллӣ бо саф оростани горди миллӣ ботантана пешвоз гирифтанд.
Ин сафар саҳифаи нави таърихро боз намуд. Дар доираи ин сафар байни ду кишвар чандин ҳуҷҷатҳо ба имзо расида бошад ҳам, ба имзо расидани шартномаи марзӣ ва бо иштироки сарварони кишвар тариқи маҷозӣ кушодани гузаргоҳҳо аз ҳама асосӣ буд. Ин рӯзро мардумони марзи ин ду кишвар зиёда аз чаҳор сол боз интизорӣ мекашиданд. Ин лаҳзаҳои таърихӣ аз хиради воло ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Дар арафаи Ҷашни Наврӯз ва моҳи шарифи Рамазон бо пос доштани расму оини ниёгон бахшидан ва омӯрзиши гуноҳҳо бори дигар собит сохт, ки Пешвои миллат барои ба ҳам омадану ҳамдигарфаҳмӣ худшиносиву худогоҳии миллӣ шахси беназир ҳастанду мактаби сулҳовариашон боиси омӯзиш аст.
Дар он лаҳзаҳои пурнишот ашки ҳазорон падару модарон, ки ҷигарбандонашон дар ин тарафи марзу, наздикони бархе аз онҳо дар он тарафи марз буданду имрӯз маҳз бо шарофати ин сафари таърихсоз боз ба ҳам пайваста буданд, дида аз самими қалб ҳамроҳи онҳо шодӣ намудему бо Пешвои сулҳҷӯву сулҳхоҳу сулҳори миллати тоҷик ифтихор кардем.
Ин дастоварди бузург натиҷаи иродаи қавии сиёсӣ, талошҳои пайвастаи дипломатӣ, дарки амиқи манфиатҳои миллии ҳарду ҷониб ва масъулияти баланди таърихӣ дар назди наслҳои оянда мебошад.
Бигзор дӯстии байни халқҳо ва муносибати стратегии Тоҷикистону Қирғизистон поянда бошад!
Тошмухамедова Шаҳноза,
Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират