Терроризм ва экстремизм тӯли солҳои охир чун ҷараёни хатарнок ба кишварҳо ва ҳаёти ҳар як сокини ҷомеаи ҷаҳон таҳдид карда, зиндагии осоиштаи ҷомеаро халалдор месозад. Барои аз байн бурдани ин хатари умумӣ кишварҳои олам бояд дар фазои якдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ муборизаи беамон баранд.
Солҳои охир минтақаҳои амалҳои бераҳмонаи террористӣ торафт васеъ шуда истодаанд. Бо номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву экстремистӣ, имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Моро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиву зиракиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии замони муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем.
Дар айни замон баъзе давлатҳо дар қаламрави худ бар зидди терроризм мубориза бурда, ҳамзамон терроризми байналмилалиро дар минтақаҳои дигар бевосита пуштибонӣ менамоянд. Ватану миллатро дӯст доштан яке аз амалҳои беҳтарини ҳар як инсон мебошад. Ҳар як фаъолияте, ки мо амалӣ менамоем, бояд ба хотири Ватан ва миллати азизамон бошад. Чунки маҳз Ватан-Модар ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои моро кафолат медиҳад ва дар заминаи миллати тоҷик мо соҳиби давлатдорӣ гардидаем. Мо бояд шукронаи ин Ватан кунем, шукронаи ҳаёти осоиштаамон намоем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин ҷанба талош меварзад.
Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва осудагии ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва қурбониёни ҳарчӣ бештари терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд.
Аз ин рӯ, мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, сабаби пайдоиш ва нестшавии афкори терроризмро амиқ ва пайваста биомӯзем ва барои дафъи он кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвари азизамон ҳифз гардад.
Султонова Роҳила,
Мутахассиси пешбари Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ