• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мусоҳибаи судманд: муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирон ба Британияи Кабир

Migration Service by Migration Service
12.02.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мусоҳибаи судманд: муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирон ба Британияи Кабир
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷират, аз қабили ташкили муҳоҷирати бехатар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва масъалаҳои гуногунсамти (диверсификация) муҳоҷират аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират тадбирҳои судманду саривақтӣ роҳандозӣ шуда, бо як қатор кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои самарабахш ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи ин ҳамкориҳо бо роҳнамоии Вазорат меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, бо мусоидату ҳамоҳангсозии Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва ибтикори Хадамоти муҳоҷират озмун-мусоҳибаи навбатии корфармоёни ширкатҳои бокортаъминкунандаи Британияи Кабир бо корҷӯён – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки майл ба муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, ташкил карда шуд.

Санаи 9-11 феврали соли 2026 дар меҳмонхонаи «Тоҷ-Палас» ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон мусоҳибаи рӯ ба рӯи намояндагони ширкатҳои «AGRI-HR», «Fruitful Jobs» ва «PRO-FORCE»-и Шоҳигарии Британияи Кабир бо 500 нафар шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор шуд.

Дар оғози чорабинӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва сардори Хадамоти муҳоҷират бо шаҳрвандон суҳбат намуда, вобаста ба риоя намудани талаботу меъёри қонунҳои давлати қабулкунанда, урфу одат, омӯзишу эҳтироми таъриху фарҳанги он кишвар, инчунин, баъди ба итмом расидани раводиди меҳнатӣ ба Ватан баргаштан, то ки дигар шаҳрвандон низ барои сафарбар шудан ба Британияи Кабир имкон пайдо намоянд, ибрози андеша карданд.

Сипас, аз љониби масъулини ширкатҳои болозикр оид ба муҳоҷирати бехатар ва шарту шароити кор дар соҳаи кишоварзии Британияи Кабир рӯнамо (презентация) пешниҳод карда шуда, зимни мусоҳиба малакаи касбӣ, таҷрибаи корӣ ва омодагии довталабон мутобиқ ба талаботи корфармоён мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои намояндагони ширкати болозикр шахсони интихобгардида давоми моҳҳои апрел ва май соли ҷорӣ марҳила ба марҳила ба Британияи Кабир муташаккилона сафарбар мегарданд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки муҳлати гирифтани раводид баъд аз қабул кардани даъвати корӣ аз ҷониби корфармо тақрибан 30-35 рӯзро ташкил медиҳад.

Мусоҳибаҳо дар фазои шаффоф ва мутобиқ ба меъёрҳои қонунгузории амалкунанда баргузор шуда, иштирокчиён имконият пайдо намуданд, ки мустақиман бо корфармоёни хориҷӣ мулоқот ва суҳбат намоянд.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлат ҷиҳати диверсификатсияи бозори меҳнат, васеъ намудани ҷуғрофияи муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи муҳоҷирати муташаккилона сурат мегирад.

Чорабиниҳои болозикр метавонанд ба амалигардонии ҳадафҳо дар самти танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, коҳиш додани муҳоҷирати ғайрирасмӣ, таъсиси ҷойҳои кори арзанда ва таҳкими имиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Коррупсия ва таъсири манфии он дар рушди ҷомеа

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.