• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Нақши қонуни танзим дар беҳбудии мардум

Migration Service by Migration Service
09.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Нақши қонуни танзим дар беҳбудии мардум
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар ибтидои солҳои 2000-ум дар саросари кишварамон дар баргузории ҷашну маросими мардумӣ бенизомиҳои зиёде вуҷуд доштанд. Мардуми нав аз мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ раҳошуда ва дар сатҳи камбизоатӣ қарордошта ҷашну маросими ба ҳукми одат даромадаро бо душвориҳо баргузор намуда, рӯзгори худро боз ҳам сангинтар менамуданд.

Чунин зуҳуроти номатлуб аз назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонда, баҳри рафъи он бо хиради азалии хеш пешниҳодеро рӯи кор оварданд, ки ба беҳдошти вазъи рӯзгори мардум мусоидат намуд. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ба инобат гирифтани мулоҳизаҳо ва пешниҳодоти мардум таҳия ва 8 июни соли 2007 қабул гардида, муддати 18 сол аст, ки бо василаи ин қонуни воқеан миллӣ рӯзгори мардум беҳбуду таровати тоза ёфтааст.

Бешак, қонуни мазкур дар тули мавҷудияташ ҷашну маросими миллиро ба танзим даровард. Агарчи тибқи талаботи мазкур ҳар шаҳрванди кишвар дар гузаронидан ва ё нагузаронидани маросими зодрӯз, тӯйи домодию арӯсӣ соҳибихтиёр аст, вале дар баргузории онҳо бояд ба харҷи зиёдатӣ, исрофкорӣ роҳ надиҳад.

Пас аз 17 соли қабули қонуни мазкур, яъне 20 июни соли 2024, №2051 бо назардошти манзур гардидани пешниҳодоти ҷадид ба он тағйирот ворид карда шуда, барои беҳбуд бахшидан ба зиндагии мардум сабукиҳо низ пешбинӣ гардид.

Боиси таассуф аст, ки то ҳанӯз баъзе аз сокинони кишвар зимни баргузории маъракаву маросими алоҳида ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ медиҳанд, ки ин амали онҳо ба аҳкоми динӣ ва талаботи қонун мухолиф аст. Агарчи мардуми мо бо хислати меҳмоннавозӣ маъруфанд, ин маънои онро надорад, ки талаботи Қонун сарфи назар шавад.

Бузургонамон таъкид намудаанд, ки дар ҳама иду маросим оростани суҳбатҳои илмию маърифатӣ ва аз гузаштагони хеш ба некӣ ёд кардан беҳтарин фазилат аст, ки он аз гирди хон нишастану бо кӯшиши беш меъдаи худро аз анвои мухталифи ғизо пур кардан ҳазорон бор авлотар аст.

Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш вобаста ба нақши занон дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа ёдовар шуда, изҳори итминон намуданд, ки онҳо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни танзим минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Дар ҳақиқат танзими ҷашну маросим аз занону бонувони мо вобастагии зиёд дорад, ки аз фаъолмандии минбаъдаи онҳо дар ин самт умеди зиёд дорем.

Ҳадаф аз амалисозии Қонуни танзим хотима бахшидан ба исрофкорию зиёдаравист, ки боиси касод гардидани буҷаи оила, қарздор шудан ва ба муҳоҷират рӯ овардани аксари шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон мегардад.

Мо, тамоми аҳли ҷомеа, бояд дастурҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба беҳдошти рӯзгор ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишварамон нигаронида шудаанд, сармашқи ҳамешагии кору фаъолияти хеш қарор диҳем.

Раҳмонзода Амиралӣ,

Муовини сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ идома дорад

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров

Корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.