• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Нақши занону модарон дар Паёми Пешвои миллат

Migration Service by Migration Service
08.01.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Нақши занону модарон дар Паёми Пешвои миллат
310
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

28 декабри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намуданд. Ин паём ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз тамоми самтҳои асосии рушди кишварро дар бар гирифта, бори дигар нақши бузурги сулҳу ваҳдатро ҳамчун пояи пешрафт собит сохт. Пешвои миллат дар суханрониашон муҳимияти оила, мақоми занон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар рушди давлатдориро махсус зикр кард, ки ин баёнгари арҷгузорӣ ба Зан – Модар ҳамчун меҳвари оила ва ҷомеа мебошад.

Президенти кишвар зимни Паёми худ бо изҳори эҳтиром аз мақому манзалати занон дар ҷомеаи тоҷик ёдовар шуда, нақши онҳоро дар таҳкими пояҳои ахлоқӣ, тарбияи наслҳои худогоҳ ва рушди ҷомеа ҳамчун як неруи созанда муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин иброз доштанд, ки оила – ҳамчун муҳити муқаддас ва макони ибтидоии тарбияи инсон – бидуни ҳузури фаъоли занон наметавонад ба маънои воқеӣ устувор бошад. Аз ин рӯ, беҳтар кардани шароити зиндагии занон, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои таҳсил ва кор, инчунин дастгирии модарони ҷавон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад.

Дар Паём таъкид гардид, ки занон имрӯз дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг ва ҳатто дар сиёсати кишвар нақши босазо доранд.

Пешвои миллат бо ифтихор қайд карданд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки барои боло бурдани мақоми занон шароити мусоид фароҳам оварда, баробарии гендериро дар сатҳи сиёсати давлатӣ таъмин кардааст. Ин талошҳо, бояд идома ёбанд, то ки ҳар як зан ҳамчун модари меҳрубон, тарбиятгари насли нав ва ҳамзамон, як қувваи созанда дар ҷомеа тавонад фаъолият намояд.

Дар суханрониҳо махсус таъкид шуд, ки модар ҳамчун сутуни асосии оила дар нигоҳдории анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ нақши бузург дорад. Пешвои миллат ишора намуданд, ки модарон бо меҳрубонӣ ва хиради худ метавонанд насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбият кунанд. Барои ин, бояд на танҳо шароити иқтисодии оилаҳо беҳбуд ёбад, балки муҳити мусоиди ахлоқиву фарҳангӣ низ фароҳам гардад.

Президенти кишвар инчунин ташаббусҳои навро дар самти таҳкими дастгирии иҷтимоии занон ва оилаҳо пешниҳод карданд ва таъкид намуданд, ки рушди ҷомеаи босубот ва шукуфон танҳо вақте имконпазир аст, ки ҳар як зан, модар ва духтар ҳуқуқу имкониятҳои баробар дошта бошад.

Дар ин Паём нақши оила ҳамчун асоси ҷомеа ва макони ибтидоии ташаккули инсон муҳим арзёбӣ шуд. Пешвои миллат изҳор дошт, ки таҳкими оила на танҳо масъулияти шахсии ҳар як шаҳрванд, балки вазифаи муқаддаси давлат аст. Танҳо бо тарбияи оилаҳои солим ва устувор ҷомеа метавонад ба пешрафту шукуфоӣ ноил гардад.

Паёми Пешвои миллат як навъ даъват ба арҷгузорӣ ба мақоми Зан – Модар, оила ва аҳамияти онҳо дар пешрафти умумии кишвар буд. Ин суханрониҳо бори дигар нишон доданд, ки дар сиёсати давлатии Тоҷикистон занон ҳамчун неруи асосии иҷтимоӣ, хирад ва меҳру муҳаббат қадр мегарданд ва мавқеи онҳо дар ҷомеа ҳамеша дастгирӣ хоҳад ёфт.

Мо – занону бонувонро месазад, ки ҷавобан ба ин гуна таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҷидду ҷаҳд намоем.

Озодбекова Ситора,

Сармутахассиси бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Бардошт аз Паём. Дар Хадамоти муҳоҷират ҳамоиш баргузор шуд

Next Post

Бардошт аз Паём. Паём – раҳнамои имрӯзу фардои кишвар

Next Post
Бардошт аз Паём. Паём – раҳнамои имрӯзу фардои кишвар

Бардошт аз Паём. Паём – раҳнамои имрӯзу фардои кишвар

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.