Иттилоот ба омиле табдил ёфтааст, ки қодир аст, ба садамаҳои доманфарох, низоъҳои ҳарбӣ, ғайримутамарказгардонии идоракунии давлатӣ, системаи молиявӣ, кори марказҳои илмӣ оварда расонад.
Дар ин радиф самаранок истифодабарии иттиллоот ба тараққиёти соҳаҳои фаъолияти давлатӣ дар умум ва корхонаи ҷудогона, муваффақиятҳои назарас дар иқтисодиёт, тиҷорат, молия метавонад мусоидат намояд. Бо дарёфти иттилооти арзишноке, ки бартариҳои бештарро пешниҳод менамояд, ба субъектҳои дорандаи ҳуқуқ ба ин иттилоот масъулияти бештареро оиди ҳифзи ин иттилоот аз таъсири берунаи омилҳои гуногун ва ҳодисаҳо вогузор менамояд, ки ин омилҳо хусусияти тасодуфӣ ё мақсаднок доранд. Иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ роҳҳо ва самти тараққиёти ҳар як ҷамъият ва давлатро муайян намуда, куллан ба ташаккулёбии инсон ҳамчун шахсият таъсир мерасонанд. Барномаҳои тараққиёти технологияҳои иттилоотии давлатҳои мутараққӣ, сармоягузории давлатии чунин барномаҳо ба мадди аввал гузошта шуда барномаҳои кайҳонӣ ва монанди онҳоро дар қафо мегузоранд.
Тараққиёти босуръати технологияҳои иттилоотӣ моҳияти амалии иттилоотро ба зинаи нав боло намуда бо ин васила моро ҳарчи бештар аз фаҳмиши моҳияти худи иттилоот, шакл ва тарзҳои зоҳиршавии он, методҳои таъсири иттилоот ба тараққиёти ҷамъият, давлат ва шахсият дур месозад. Ин донишҳо, пеш аз ҳама, барои дарки принсипҳои умумӣ ва асосҳои амнияти иттилоотӣ, ташаккулёбии маҷмӯи муаммоҳои бо он алоқаманд ва муайянкунии роҳҳои ҳалли он зарур аст.
Иттилоот аксар вақт ба воситаи хусусиятҳои гуногуни материя ё бо роҳи ҷудокунии аспектҳои арзишнок (прагматикӣ) ва мазмунӣ (семантикӣ) муайян карда мешавад. Доираи баёни мафҳуми “иттилоот” бениҳоят васеъ мебошад: аз баёни хусусии иҷтимоӣ (маълумот, хабари ба коркард ниёздошта) то фалсафӣ чун нисбатан умумӣ ва ҷаҳонбинона.
На илм, на инсоният, на ҷамъият наметавонанд бе ҷамъкунӣ, додугирифт, маҳфуз нигоҳдорӣ ва истифодабарии иттилоот барои дарёфти донишҳои нав самаранок ва динамикӣ тараққӣ намояд.
Ҳолати муосири амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат дар натиҷаи ҷараёни иттиллоотикунонӣ ва рушди назаррас дар тадбиқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муайян гардида диққати махсус ба масоили тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ин соҳаи муҳим, тадриҷан баланд бардории зинаи дониши хизматчиёни давлатӣ ва ҳоказо равона карда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон саривақтӣ ва босифат дастрас карда шуда зуҳуроти номатлуб ба монанди бюрократия ва коррупсия аз байн бурда шавад. Дар ин радиф робитаҳои ҷамъият бо сохторҳои давлатӣ қавӣ мегардад, ки ин яке аз рукнҳои муҳими ҷамъияти шаҳрвандӣ ба шумор меравад.
Муаммои таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити муосир дарки илмӣ, таҳлили сиёсии муаммоҳоро ҷиддан талаб менамояд, ки бо таъмини амнияти иттилоотӣ ҳамчун компоненти асосии амнияти байналхалқӣ, минтақавӣ ва миллӣ алоқаманд мебошад.
Чунончи маълум аст, муносибатҳои муосир ба таъмини амнияти иттилоотӣ то андозае ба ҷараёнҳои ҳарбӣ-сиёсӣ равона карда шудаанд, аммо дар як вақт онҳо ба муаммоҳое ишора менамоянд, ки бо нооромии сиёсии минтақавӣ, ҷинояткорӣ, терроризм, мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир, шомилшавӣ ба ҷараёнҳои террористӣ алоқаманд мебошанд.
Муҳимияти муаммои таъмини амнияти иттилоотӣ инчунин бо баландбардории нақш ва мақоми муҳити глобалии иттилоотӣ дар ҳалли вазифаҳои стратегии тараққиёти Тоҷикистони муосир, дарки илмии амнияти иттилоотӣ ҳамчун фаъолияти мақомотҳои иҷроия оиди манфиатҳои миллии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсият аз таҳдидҳо дар соҳаи иттилоот мусоидат менамояд. Қабули Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори масъалаҳои афзалиятнок муаммои аз ҷиҳати назариявӣ асосноккунии самтҳои асосии сиёсати таъмини амниятро бо роҳи мувофиқаи манфиатҳои он бо манфиатҳои ҷамъият ва давлат дар ҷараёни фаъолияти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ вогузор намудааст.
Вобаста ба ин аспектҳои политологии омӯзиши амнияти иттилоотӣ дар шароити ба дастории истиқлолияти давлатӣ низ дорои аҳамияти бештаре мебошанд.
Омӯзиши амнияти иттилоотӣ ин самти таҳлили сиёсӣ, базаи консептуалӣ-методологие мебошад, ки асоси базавӣ ва олоти тадқиқотиаш то ҳол ба таври пурра коркард нашудааст. Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки сиёсати амнияти иттилоотӣ ҳамчун воситае баромад мекунад ва бо кумаки он манфиатҳои шахсият, ҷамъият ва давлат дар муҳити иттилоотӣ тадбиқ мешаванд, яъне ҳамаи доираи муносибатҳое, ки бо амнияти иттилоотӣ вобастаанд, таъмин карда мешаванд.
Олимов Сироҷиддин, сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ