Санаи 9-уми сентябр дар таъриху тамаддуни муосири сарзамини кӯҳанбунёдамон бо хатҳои заррин ҳамчун рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шуда, ҳар як фарди ватани азизамон ин дастоварди бузургу муқаддасро бо ҳисси ифтихори миллӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ арҷгузорӣ ва истиқбол менамояд.
Дар воқеъ барои ҳар миллат истиқлолияту озодии ватан бузургтарин сарват ва нодиртарин неъмат буда, арзиши он бебаҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, моро пайваста барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ менамоянд.
Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Сию чор сол муқаддам мардуми мо ба бунёди давлату давлатдорӣ ва эҳёи суннату арзишҳои миллии хеш сазовор гардида, давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон шинохта шуд.
Дар тӯли 34 – соли даврони истиқлолият дар баробари мустаҳкам гардидани заминаҳои давлатдорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва талошу заҳматҳои Пешвои миллат якчанд марҳилаҳои ташаккулёбӣ ва инкишофи худро аз сар гузаронида, дар натиҷа сиёсати дохилию хориҷии давлат устувор карда шуд, ҳадафу афзалиятҳои рушди кишвар муайян ва пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз он ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ таъмин гардида, марҳилаи бунёдкорию созандагӣ босуръат ҷараёни худро идома дода истодааст.
Тоҷикистони азизи мо баъди эълони истиқлолият роҳи бунёди давлатдории навини миллиро пеш гирифт ва дар шароити бисёр ҳассосу фоҷиабор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ соҳиби рамзҳои давлатӣ гардид, ки муаррифгари давлати тозаистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ ва боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошанд.
Ҳамзамон бо ин, мо бо мақсади арҷгузорӣ ба ҳофизаи таърихӣ ва гузаштаи пурифтихори халқамон арзишҳои давлатдорӣ ва суннатҳои тамаддунсозии ниёгони худ, аз ҷумла давлатдории Сомониёнро эҳё намудем.
Яъне тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд тавонистанд, ки монеаву мушкилоти эҷодкардаи душманони худро бо азми қавӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф карда, дар рӯзҳои хеле душвору сарнавиштсоз зери парчами истиқлолу озодӣ муттаҳид гардида, давлати хешро ба рӯзҳои осудаву обод расонанд.
Қобили зикри хос аст, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо талошу заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид.Бо такя ба анъанаҳои ғановатманди халқамон ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аз ҷумлаи нахустин дастовардҳое буд, ки мардуми мо ҳанӯз дар айёми бисёр ҳассосу вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба он муваффақ гардиданд.
Ҳукумати мамлакат дар асоси ин санади тақдирсоз ба пешбурди сиёсати иҷтимоӣ оғоз намуд. Имрӯз самараҳои воқеии ин сиёсат дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва даҳҳо самти дигар ва муҳимтар аз ҳама, дар сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат ба таври возеҳ мушоҳида мегарданд.
Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо ислоҳоти куллии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ислоҳоти замин амалӣ гардида, фаъолияти соҳа ба шароити даврони муосир мутобиқ гардонида шуд.Имрӯз боғу киштзорҳои сарсабзе, ки бо заҳмати кишоварзон ва соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ бунёду обод шудаанд, на танҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми бузург мегузоранд, балки ба сарзамини биҳиштосои мо ҳусни тоза мебахшанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди саноат ва гузаштан аз модели аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар низ ҳадафи дигари стратегии миллӣ эълон гардид. Бо мақсади амалӣ намудани ин ҳадаф дар мамлакат то имрӯз садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд шудаанд ва сохтмони боз садҳо иншооти истеҳсолӣ идома дорад.
Ин раванд, илова бар ин ки саноатикунонии босуръати кишварро таъмин менамояд, боиси ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ мегардад, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ саҳми бузург ба ҳисоб меравад.
Мо барои таъмин намудани рушди давлати соҳибистиқлоли худ даҳҳо иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла ду неругоҳи азим бунёд карда, ҳазорҳо мегаватт иқтидорҳои иловагиро ба кор андохтем, илова ба иншооти бузурги аср – НБО “Роғун” неругоҳҳои барқи обии амалкунандаро таҷдиду азнавсозӣ карда истодаем ва тасмим дорем, ки дар ояндаи наздик боз як ҳадафи стратегии миллӣ – истиқлоли энергетикии кишварамонро таъмин намоем.
Дар ин росто, мо ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳоро тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ табдил додем, яъне онро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, ҳадафи стратегии дар ин самт эълон кардаамонро иҷро намудем.
Пешбурди сиёсати “дарҳои кушода” дар замони соҳибистиқлолӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монем. Дар чунин шароит, моро зарур аст, ки барои ҳифзи амнияти миллӣ, ки шарти муҳимтарини устувории давлат ва зиндагии осудаи мардум мебошад, беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем.
Яъне мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак ва дар роҳи ҳифзи амнияти давлат ва дастовардҳои замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ омода бошем. Мо бояд доим сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем ва ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро ба хотири рушди давлатамон ва ободии сарзамини аҷдодиамон равона созем.
Муҳимтарин нишонаи ватандӯстии ҳар як фард ифтихор аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва талош ба хотири таҳкими минбаъдаи онҳо мебошад.
Ҳар шахсе, ки худро соҳибватан медонад ва мафҳумҳои истиқлолу озодиро муқаддас мешуморад, бояд ҳамаи андешаву амали худро ба он равона созад, ки омодагӣ ба ҳар як ҷашни истиқлол, бахусус, 35-солагии ин рӯйдоди сарнавиштсоз ба марҳалаи нави болоравии эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва вусъати созандагиву ободкорӣ мубаддал гардад.
Мо ҳама якҷо, бо иттиҳоду сарҷамъии хурду бузурги мамлакат ва бо заҳмати созанда кишвари азизамонро дар ояндаи наздик аз имрӯза дида ободу зебо ва давлати соҳибистиқлоламонро неруманду пешрафта мегардонем, нуфузу обрӯйи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.
Имомали Каримов,
Мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд