Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷайҳун дар МТМУ №1 -и ноҳия бо омӯзгорон ва хатмкунандагони мактаб вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни суханрони маърузачиён масъалаҳои муҳими марбут ба омӯзиши касб, донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, инчунин риояи қонунгузории кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар Паёми имсола Пешвоим миллат бори дигар таъкид намуданд, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ гардида, бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ ва фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Дар ин раванд қайд гардид, ки имрӯз Пешвои миллат бо боварӣ ба ҷавонон дар рушду пешрафти соҳаҳои муҳими давлатдорӣ ибрози андеша намуданд, ки ин моро водор месозад, ки ҷавобан ба ин боварӣ бо истифода аз ин имкониятҳои фароҳамовардаи кишвар тамоми саъю кушишро ба харҷ дода баҳри пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия доир ба аҳамияти интихоб намудани касби муносиб, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбӣ, инчунин зарурати огоҳ будан аз меъёрҳои ҳуқуқии кишварҳои хориҷӣ маълумот пешниҳод намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки донистани забонҳои хориҷӣ омили муҳим дар муваффақият ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ба ҳисоб меравад.
Инчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Вохӯрӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

