• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии сиёсати  давлат

Migration Service by Migration Service
30.10.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии сиёсати  давлат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Паёми Президент ба парламент ҳамчун яке аз падидаҳои муҳим дар замони муосир маҳсуб ёфта, оид ба ин падидаи сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар конститутсияҳои аксарияти кишварҳои ҷаҳон муқаррароти дахлдор мавҷуд мебошад. Паёми Президент ба парламент оид ба вазъи кишвар ва дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат имруз ҳукми анъанаро соҳиб шуда, дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ба маъракаи муҳими сиёсиву давлатӣ табдил ёфтааст.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирода мегардад, ҳамчун санади муҳими Сарвари давлат дар ҳаёти давлатӣ ва ҳуқуқии мамлакат ҷойи намоёнро ишғол менамояд, зеро дар он ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад.

Аслан истилоҳи “Паём” маънои гуногун дошта, дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои пайғом, хабар, рисолат, салом, дуруд, таҳният, муборакбодӣ, орзуи нек кардан ба касе, муроҷиат намудан омадааст.

Маврид ба зикр аст, ки оид ба мафҳуми “Паёми Президент” дар байни олимони ватаниву хориҷӣ назари якранг мавҷуд набуда, онро ба таври гуногун маънидод менамоянд.

Як гурӯҳ олимон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз, санади стратегӣ, ояндасоз ва дурнамо номидаанд. Чунончӣ, М.А.Маҳмудзода зикр менамояд, ки “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва санади стратегии ҳадафманд бо тарзи масъалагузорӣ ва шарҳи зарурати он, таҳлили мушаххас ва хулосабарориҳо, санади муҳимтарини ҳар як соласт ва албатта ҳамаи мо вазифадорем, ки барои дар амал татбиқ намудани он саъю кушиш намуда, он вазифаҳое, ки ба зиммаи ҳамагон гузошта шудааст, сарбаландона ва бо масъулияти том иҷро намоем”.

С.С.Ятимов Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор дода, онро ҳамчун “ҳуҷҷати барномавӣ”, “ҳуҷҷати барҷастаи таърихӣ”, “ҳуҷҷати стратегӣ”, “санади ояндасоз”, “санади ҳидояткунанда” меномад.

Дар навбати худ В.М.Набиев ва Ш.Шарипов зикр менамоянд, ки “Паём ин ҳуҷҷати хеле муҳимму сарнавишсоз, роҳнамо ва дурнамо буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаи рушди минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқ тарҳрезӣ, вазифа, мақсаду маром, роҳу василаҳои тактикӣ ва стратегии расидан ба ҳадафҳои асосӣ ва калидиро муайян ва мушаххас месозад”.

 Аҳаммияти ин падидаи сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар он ифода меёбад, ки ҳарчанд мутобиқан ба муқаррароти конститутсионӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда бошад ҳам, масъалаҳои зимни он ишора гашта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифта, мувофиқан доираи субъектони масъули иҷрои ин вазифаҳо ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд намегардад. Ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, ходимони илмию сиёсӣ, дар умум, намояндагони тамоми қишру соҳаҳо дар иҷрои дастур ва ҳидоятҳое, ки зимни иродаи Паём садо медиҳанд, камари ҳиммат баста, тамоми иқтидори хешро дар ин самт масраф месозанд ва маҷрои ташкили корро тарзе ба роҳ мемонанд, ки вазифаи дар назди онҳо гузошташуда то Паёми навбатӣ комилан иҷро шавад.

Ахмедҷонова В,

Мутахасси пешбари шуъбаи  Хадамоти муҳоҷират дар  шаҳри Хуҷанд

Previous Post

Чорабинии  навбатӣ дар шаҳри  Истаравшан

Next Post

Самаранокии муқовимат ба коррупсия

Next Post
Самаранокии муқовимат ба коррупсия

Самаранокии муқовимат ба коррупсия

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.