Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар заминаи сиёсати созандаи роҳбарияти Олии кишвар ба низоми муайян ворид гардида, дар тамоми соҳаҳо зина ба зина бо мурури вақт ба пешравиҳо ноил мегардад.
Ҳарчанд дар ин марҳилаи рушди давлатдорӣ дину мазҳаби аслиамон сайқал ёфт, аммо баъзе аз нотавонбинон ин ҳама дастовардҳоро нодида мегиранд.
Мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин зиёд гардидани амалҳои террористӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои тундгаро дар минтақаҳои гуногун мебошад.
Ба ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчунин хатарҳо мушоҳида мешаванд, ки ин ҳама дар заминаи барномаҳои пешбинишудаи ҳизби мамнуъшудаи ТТЭ ҲНИ сурат мегирад.
Аз бештари маводи интишоршуда дар ВАО маълум гардид, ки сабабгори асосии ҷанги таҳмилӣ дар кишвар, маҳз чунин аъзоёни ташкилоти террористиву экстремистӣ будаанд. Ҳоло кирдорҳои ноҷавонмардонаи чунин ашхос ба пуррагӣ исбот шудааст.
Аз расонаҳои хабарӣ маълум гардид, ки ҳизби ифротии наҳзат як шохаи «Ихвон-ул-муслимин» аст ва аз терроризми ақидавӣ ва амалӣ кор мегирад.
Яке аз равияҳои куҳнатарини исломи сиёсӣ, ки соли 1928 аз тарафи Ҳасан-ал-Банно, олим ва муаллими мактаб дар шаҳри Исмоилияи Миср таъсис ёфт, ҳаракати панисломии «Ихвон-ул-муслимин» ё «Бародарони мусулмон» ба ҳисоб меравад.
Тибқи принсипҳои «Ихвон-ул-муслимин», ҳадафи якуми онҳо аз он иборат аст, ки бояд шариат танзими асосии умури иҷтимоию давлатиро дар дасти худ дошта бошад.
Ҳадафи дуюми онҳо муттаҳид кардани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саросари ҷаҳон аст. Дар ин ҳадафи ниҳоӣ ва фундаменталӣ байни ҷараёнҳои гуногуни исломи сиёсӣ, аз ҷумла: Ваҳҳобия, Ал-қоида, Салафия, Ҳизби таҳрир ва ДИИШ фарқияти принсипиалӣ вуҷуд надорад.
ТТЭ ҲНИ барои расидан ба ҳадафҳои хеш дар зоҳир оромона ва мисли ихвониҳо кӯшиш менамоянд, ки чунин боварро дар зеҳни авом ба вуҷуд оваранд, ки гӯё ягона пушту паноҳи ислом ва мусалмон онҳоянд ва бояд мусалмонон ба онҳо дар ҳама маврид такя намоянд.
Чунин найранг дар зеҳни мардум метавонад ҳолатеро ба вуҷуд оварад, ки ихвониён ба хотири манфиатҳои онҳо фаъолият мекунанд.
Айни ҳол роҳбарону масъулони ташкилоти мамнуъ ва террористии ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дошта, фаъолияти ғаразноки худро бо дастгирии доираҳои ифротию иртиҷоии мазҳабии хориҷӣ бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд.
Аммо ин амалҳояшон натиҷае нахоҳад дод. Зеро тамоми мардуми Тоҷикистон хуб фаҳмидаанд, ки ташкилоти террористии ТТЭ ҲНИ ва «Ихвон-ул-муслимин» бозичаи дасти бегонагон асту ғайри бадбахтӣ чизи дигаре намеорад.
Абдуллоев Некрӯз,
Мудири бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират