• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Намоишгоҳ ва ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Migration Service by Migration Service
28.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Намоишгоҳ ва ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби  корхонаю муассисаҳои пойтахт ва ташкилотҳо, тақсимоти хатмкунандагон бо ҷойи кор, намоишгоҳ ва ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ барои хатмкунандагони донишгоҳ баргузор гардид.

Дар ярмарка кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷи рат ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, шуъбаву раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои манбаъ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандони мамлакат, муҳайё намудани шароити мусоид ва ба ин васила беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Агар яке аз роҳҳои ҷалби аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба кор ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи кор тавассути мактабҳои олӣ, техникум ва коллеҷу литсейҳо омода намудани мутахассисони воқеан ҳам дар бозори меҳнат рақобатпазир бошад, роҳи дигари он таъсиси даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат, баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойи кор аст, ки бо ибтикори кумитаю вазоратҳо амалӣ гардонида мешавад.

Ректори донишгоҳ Зоир Раҳмонзода иброз дошт, ки омода намудани мутахассисони рақобатпазири мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат, аз техника ва технологияҳои нави муосир бархурдор ва эҷодкору навовар яке аз вазифаҳои асосии таълимгоҳҳои олии мамлакат аст. Ин масъала борҳо дар суханрониҳо ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлил ва масъалагузорӣ қарор гирифта, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд  барномаҳои давлатӣ ва қарорҳоро таҳия ва қабул намуд.

Гузариш аз шакли аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон масъалаҳои нави омодасозии мутахассисони соҳаи саноатӣ ба миён меоварад. Махсусан, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026” моро водор месозад, ки мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат омода намоем.

Ташкил ва баргузории чунин намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ имкон фароҳам месозад, ки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои худ ҷойи кори мувофиқ пайдо намуда, бо шарту шароит ва роҳнамоиҳои ташкилоту муассисаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ошноӣ пайдо карда, барои ояндаи дурахшони хеш саҳмгузор бошанд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар, инчунин дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба роҳ монда, маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Инчунин, дар чорабинӣ  оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд. 

Дар фарҷом ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ  тақсим карда шуд.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Баргузории конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзуи  “Навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Таҷрибаи байналмилалӣ ва хусусиятҳои миллӣ”

Next Post

“Муқовимат бо коррупсия” асоси пешрафти зиндагии мардум аст

Next Post
“Муқовимат бо коррупсия” асоси пешрафти зиндагии мардум аст

“Муқовимат бо коррупсия” асоси пешрафти зиндагии мардум аст

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.