10 январи соли равон Директори шуъбаи идоракунӣ ва маорифи USAID дар Тоҷикистон Тереза Миллер ба Хадамоти муҳоҷират ташриф овард.
Дар вохӯрӣ бо Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо, Тереза Миллер иброз намуд, ки мақсад аз ташриф пеш аз ҳама, аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” мебошад.
Ҳамзамон Тереза Миллер аз фаъолияти Марказ дидан намуда, аз кору фаъолияти он бохабар гардид. Аз ҷумла, хонум Тереза Миллер бо Сардори Хадамоти муҳоҷират бинои нотамоми Хадамотро дидан намуданд.
Аз тарафи худ роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират минатдории хешро изҳор намуда, қайд карданд, ки баъди таъмирӣ пурраи ин бино, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе соҳиби утоқҳои кории барҳаво мегарданд. Ин имконият медиҳад, ки минбаъд Марказ фаъолияти худро дар самти омодасозӣ, касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва сафарбаркунии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар тақвият бахшад.
Дар фарҷоми мулоқот Тарафҳо омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.
Вохӯрӣ дар фазои озод ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират