• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Нашъамандӣ ва хатари он барои ҷавонон

Migration Service by Migration Service
16.12.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Нашъамандӣ ва хатари он барои ҷавонон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯзҳо дар бораи нашъамандӣ ва оқибатҳои мудҳиши он тамоми қишрҳои ҷомеъа, аз ҷумла наврасон, ҷавонон ва калонсолон иттилоъ доранд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ашхоси солимақл нашъамандиро ҳамчун амали номатлуб маҳкум мекунанд. Агар яке аз сабабҳои ин аз таҷрибаи зиндагӣ – шунидану дидани ҳоли нашъамандон бошад, сабаби дигар ин аз ҷониби давлат ва мақомоти марбутаи он ташкил намудани чорабиниҳои иттилоотии хусусияти зиддинашъамандӣ дошта ва муқобилият бар зидди муомилоти ғайриқонунии ин мавод мебошад.

Вақте, ки Иттиҳоди Шӯравӣ чун як давлати муқтадир соли 1991 аз байн рафт, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳо соҳибистиқлол гардида, аммо бо машаққатҳои сиёсиву иқтисодӣ дучор гардид. Ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ дар натиҷаи нофаҳмиҳову кашмакашиҳои дохилӣ бо дасти хоҷагони берунӣ ба фалаҷшавии давлат оварда расониданд. Яъне баъди соҳибистиқлол гаштан ва канда шудани алоқаҳои қаблӣ бо мушкилотҳои гуногун, аз ҷумла иҷтимоӣ, иқтисодӣ, бехатарӣ ва ғайраҳо рӯ ба рӯ шуд. Аз ин муҳити ноором гурӯҳҳои ҷиноятпеша истифода бурда бо тариқи марзи Тоҷикистон бо Афғонистони ҳамсоя ба хариду фурӯши моддаҳои нашъадори навъи афюн, бангдона ва силоҳҳои ҷангӣ даст зада, вазъиятро боз ҳам мураккаб мегардониданд.

Пӯшида нест, ки дар замони моусир нашъамандӣ яке аз мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ буда, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Аз оморҳо бармеояд, ки ҷавонон бештар ба дарди бедавои нашъамандӣ гирифтор мешаванд. Мутаассифона, мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри XXI боқӣ монда, он ба эътидол овардани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият кашида, ҳазорон нафар аз ҷавонон ҷони худро аз даст медиҳанд.

Мутахассисони соҳаи тиб собит намуданд, ки нашъамандӣ чун як бемории ғайриодӣ ба тамоми узвҳои бадани инсон, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсири манфии худро расонида, инсонро ба бемориҳои гуногун мубтало сохта, ниҳоят ба марг бурда мерасонад. Албатта, теъдоди нафароне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёд мебошанд. Онҳо шояд бо сабабҳои дур гаштан аз ғаму дард, нуқсону камбудиҳои ҳаёт, ё худ аз нодониву айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Нафароне ҳам ҳастанд, ки бе тарсу ҳарос даст ба куштору дуздӣ мезананду хиёнат ба номусу ҷаҳолатпарастӣ мекунанд. Ин гуна ашхос бевосита истеъмолкунандагони чунин маводи зарароваранд, ки заррае аз кору кирдори кардаашон огоҳӣ надоранд, зеро маҳз истеъмоли нашъа чунин ашхосро дур аз ақлу фаросат, хираду дониш кардааст.

Дуруст аст, ки нашъамандӣ вабои аср буда, ҷомеаро заиф мегардонад ва ба сари ҳар як хонадон рӯзи сиёҳу мусибат меорад. Қобили зикр аст, ки олимону мутахассисони соҳаи тиб нишонаҳои нашъамандӣ ва таъсири онро дар ҷомеа ҳамчун беморӣ маънидод кардаанд. Азбаски ин беморӣ бо амалу рафтори нашъаманд боиси харобиҳои зиёде шуда метавонад, дар саросари олам бо ин дард муборизаи беамон мебаранд.

Гузашта аз ин, сабабгори гирифторӣ ба нашъамандиро як қисми одамон шароити мушкили зиндагӣ меҳисобанд, аммо воқеият чизи дигарро нишон медиҳад. Аввалан, фарзандони ашхоси сарватманд зиёдтар ба ин бемории нашъамандӣ мубтало мегарданд, баъадан бисёр одамон дар шароити якхелаи вазнин зиндагию кор мекунанд, вале аксари онҳо худро аз нашъамандӣ нигоҳ медоранд. Хатари нашъамандӣ танҳо дар истифода кардани он аз ҷониби шахси нашъаманд, гирифтори дардҳои шадиди ҷисмонӣ шудани ӯ нест, балки дар он аст, ки одами нашъамандшуда сахт тобеи нашъа буда, агар онро истеъмол накунад, ба ҳалокат мерасад.

Бинобар ин, бо ваҷҳи бемории нашъа аз тамоми хушиҳои зиндагӣ бенасиб мемонад ва мақсаду нияти ӯ танҳо ба даст овардану ёфтани андаке нашъа мегардад.

Имрӯз аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар барои пешгирӣ намудани ин беморӣ тамоми чораҳои заруриву саривақтӣ андешида мешавад. Ҷиҳати пешгирии болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, истифодаи ғайритиббии он, зиёд шудани теъдоди гирифторони вируси норасоии масъунияти одам аз ҷумлаи истеъмолкунандагони маводи нашъадор бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 “Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва соли 2021 “Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ба тасвиб расонида шуд. Қабули стратегияҳои мазкур вобаста ба вуҷуд омадани таҳдидҳои нав, қабл аз ҳама, вобаста ба фаъол гардидани ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз ҷумла, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар алоқаманд мебошад. Ғайр аз ин, стратегияҳои мазкур барои ҳамкории созанда байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини бехатарии шахсият, ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки Пешвои миллат пайваста дар суханронии худ, ҷиҳати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар сатҳ ҷаҳон масъалагузорӣ намуда, барои пешгирӣ намудани нашъамандӣ дар кишвар як қатор дастуру суоришҳои судманд доданд, то насли ҷавон ба ин бадбахтӣ гирифтор нашавад.

Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Терроризм ва экстремизм – хатари сартосари ҷомеаи ҷаҳонӣ

Next Post

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Next Post
Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.