Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу рӯ ба инкишоф таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад ва барои дар амал татбиқ намудани стратегияву нақшаҳои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ҳамеша талош меварзад. Баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории нашъамандӣ имрӯз аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар тамоми чораҳои заруриву саривақтӣ андешида шудаистодааст.
Вобаста ба ин ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда ҳамасола амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ дар дохили кишвар гузаронида мешаванд.
Қабули стратегияи мазкур вобаста ба вуҷуд омадани таҳдидҳои нав, қабл аз ҳама, вобаста ба фаъол гардидани ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз ҷумла, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар алоқаманд мебошад. Ғайр аз ин, стратегияи мазкур барои ҳамкории созанда байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини бехатарии шахсият, ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд.
Тавре зикр гардид, ҳамчун хатари глобалӣ бо гузашти чандин сол ин падидаи номатлуб — гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба таври қочоқ аз ҳамсоякишвар асосан таввассути Афғонистон ворид гардида, нашъамандони камфикру беиродаро гирифтори ин “бемории нанговар” мегардонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар минтақаи ниҳоят ҳассосу нозук қарор гирифтааст ва ҳамчун дарвозаи ҷанубии ин давлати абарқудрат дониста мешуд. Дар бисёр ҳолатҳо қочоқи маводи нашъаовар тавассути убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ сурат гирифта, бо ёрӣ ва мусоидати қочоқбарон ба дигар давлатҳо паҳн мегардад. Яъне нерӯҳои гуногун дар ин ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати транзитӣ истифода мебаранд.
27-уми апрели соли 1999 дар шаҳри Вена Протокол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ имзо шуд ва 1-уми июни ҳамон сол Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб гардид. Агентӣ бо мақсади ташкил ва таъмини ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ оид ба масоили мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, назорати муомилоти қонунии онҳо дар сатҳи миллӣ, инчунин пешгирии нашъамандӣ ва коҳиши талабот ба маводи нашъаовар таъсис ёфта буд. Таъсиси чунин сохтори махсусгардонидашуда ҷиҳати мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тақозои замон буд.
Лоиҳаи таъсиси Агентӣ нахустин таҷрибаи Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт ва мисоли равшани ҳамкориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ зери ҳимояи СММ дар самти муборизаи муштарак бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд: “Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бояд дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти худро ҷоннок намуда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи қочоқи маводи мухаддир, ошкор ва аз байн бурдани гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб ва такмили тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад, яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад”.
Ҳадаф аз ин ҳама муборизаҳо барҳам додани як тамоюли ниҳоят хавфноку манфӣ мебошад. Нашъмандӣ ва маводи мухаддир аз омилҳои хатарноку зиёновар ба ҳаёти инсонӣ буда, насли инсониятро ба нобудӣ мебарад. Дар ин самт муборизаҳо метавонад гуногун бошанд. Яке аз ин омилҳои мубориза тарғиботи зидди маводи мухаддир ба шумор рафта метавонад. Ногузир мебошад, ки дар ин роҳ намояндагони тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа фаъол бошанд.
Додихудоева Дилафрӯз,
Мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

