Нашъамандӣ яке аз мушкилоти ҷиддӣ ва хавфноки ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Ин падида на танҳо саломатии як шахсро вайрон мекунад, балки ба оила, ҷомеа ва ояндаи давлат низ таъсири манфии калон мерасонад.
Нашъамандӣ ҳолатест, ки инсон ба истифодаи маводи мухаддир одат мекунад ва бе он зиндагӣ карда наметавонад. Сабабҳои нашъамандӣ гуногунанд: надонистани оқибатҳои хатарнок, таъсири дӯстони бад, мушкилоти оилавӣ, бекорӣ ва фишори равонӣ. Оқибатҳои нашъамандӣ хеле вазнинанд. Саломатӣ хароб мешавад, бемориҳои хатарнок пайдо мегарданд, оила вайрон мешавад ва шахс метавонад ба ҷиноят даст занад. Барои пешгирии нашъамандӣ тарбияи дуруст, маърифат, варзиш ва машғулиятҳои фоиданок заруранд.
Нашъамандӣ дар замони муосир ба яке аз мушкилоти азимтарини ҷомеаи инсонӣ табдил ёфтааст ва онро бе ягон муболиға «вабои аср» номидан мумкин аст. Ин офати иҷтимоӣ мисли бемории сироятӣ на танҳо як шахс, балки тамоми ҷомеаро фаро мегирад ва оҳиста‑оҳиста решаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлатҳоро заиф мегардонад. Нашъамандӣ ҳолатест, ки инсон ба истифодаи маводи мухаддир вобастагии ҷисмонӣ ва равонӣ пайдо мекунад. Маводи мухаддир ба фаъолияти майна таъсир расонида, фикр, ирода ва рафтори инсонро тағйир медиҳад. Шахс тадриҷан қобилияти идора кардани худ ва масъулиятро аз даст медиҳад ва зиндагии ӯ танҳо ба дарёфти маводи мухаддир вобаста мешавад.
Сабабҳои ба нашъамандӣ гирифтор шудани инсон бисёранд. Яке аз сабабҳои асосӣ — паст будани сатҳи маърифат ва надонистани оқибатҳои фоҷиабори он мебошад. Бисёр ҷавонон аз рӯи кунҷковӣ, таъсири дӯстони нодуруст ё тақлид ба дигарон ба ин роҳ қадам мегузоранд. Муҳити носолим, муноқишаҳои оилавӣ, бекорӣ, фишори равонӣ ва ноумедӣ аз зиндагӣ низ метавонанд инсонро ба доми нашъамандӣ бикашанд. Ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар синни ҷавонӣ инсон бештар таҳти таъсири атрофиён қарор мегирад ва ҳанӯз ҷаҳонбинии устувор надорад. Нашъаманди чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил, ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷруҳ мегардонад.
Имрузҳо касоне, ки ба ин кор даст мезананд ниҳоят зиёданд. Барои ингуна шахсоне, ки ҳаловати нашъамандиро медонанд, дарёфт кардани он ба кадом қиммате, ки набошад, ниҳоят зарур аст. Дар натиҷаи дарёфт накардани маблағ онҳо тамоми дороии хонаашонро фурухта онро мехаранд. Худро бехонумон гардонида, зану фарзандон ё волидони хешро хонабардуш мегардонанд. Дар натиҷа ҷамъият вайрону наздикон парешон ва оилаҳо бесаробону саргардон мегарданд. Худ низ дар кӯчаву хиёбонҳо ба ҳайси нокасу беобруй ва хастадилу афгор то ба рузи марг оварда мерасонад. Ба хору хаси замин баробар поймол мегарданду наздикон аз ҳастиашон шармсору безор. Бадбахтона заноне низ ёфт мешванд, ки ба амали номатлуб даст мезананд. Барои дарёфт кардан, ба истеъмол парвариш ва фуруши ин маводи зиёновар даст мезананд.Қадру манзалати бузурги зан, модарро, ки олиҳаи ҳусну зебоӣ ва асоси ҳастии зиндагист, бештар паст мезананд.Аксарияти ҷавонони суст иродаи мо бо як санҷиши таъсири маводи мухадир ба зулмоти ин амал меафтанду одат мекунанд.Мубориза бар зидди нашъамандӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Хулоса, дар натиҷа метавон гуфт, ки нашъамандӣ на танҳо мушкили як шахс, балки фоҷеаи тамоми ҷомеа мебошад. Пешгирии ин падида танҳо бо қонун ё ҷазо маҳдуд намешавад, балки ба маърифати баланд, тарбияи солим ва масъулияти шахсии ҳар як инсон вобаста аст. Агар ҳар як узви ҷомеа бетараф набошад ва саҳми худро дар тағриби ҳаёти солим гузорад, метавон сатҳи нашъамандиро коҳиш дод ва насли солиму боиродаро тарбия намуд. Танҳо ба ҳамдигарфаҳмӣ, тарбияи дуруст ва масъулияти иҷтимоӣ мо метавонем ҷомеаи солим ва ояндаи дурахшонро таъмин намоем. Ояндаи ҷомеа аз интихоби дурусти имрӯзаи мо вобаста аст.
Муқумов А,
Сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент

